Бордоркунии сунъӣ ё “ЭКО” – бордоркунӣ миёни мусулмонҳо барои муддати дароз мавриди баҳс буд ва ҳаст. Теъдоде аз суннатгароён бо такя ба боварҳо ва эътиқоди худ, талош мекунанд, аз ин навъи бордоркунӣ дурӣ ҷӯянд. Аммо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ҳамзамон муфтии кишвар аст, роҳи иҷозашудаи ин навъи бордоркуниро шарҳ дод.
Бо муфтии кишвар мудири ширкати “Farna Euroclinic” суҳбат кард ва аз ҷумла, ба суолҳои зерин посух пурсид:
Ислом дар бораи "ЭКО" чӣ мефармояд?
Дар кадом шароит "ЭКО" иҷоза аст?
Чаро донистаи мавқеи Ислом муҳим аст?
Бояд зикр кард, ки ин танҳо як суҳбат нест. Ин посухи раиси Шӯрои уламо, муфтӣ, мутахассиси бахши дин – ба суолҳои мутахассиси бахши тиб аст. Он барои оилаҳои зиёде, ки дар орзуи фарзанданд, муҳим ва ҳатто сарнавиштсоз аст.
Дар навори зерин, муфассал тамошо кунед:



