Оҷонсии байналмилалии радабандии “Moody’s Ratings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро аз дараҷаи "B3" бо дурнмаои "мусбат" ба дараҷаи “B2” баланд бардошта, дурнамои онро “устувор” арзёбӣ кардааст. Дар ин бора Бонки милли Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯд, Тоҷикистон аз соли 2014 бо ин оҷонсӣ ҳамкорӣ дошта, ба сатҳи “B2” баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрӣ бори аввал ба қайд гирифта мешавад.
“Ин дастовард натиҷаи пайгиронаи татбиқи сиёсати мутавозини макроиқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад”, – гуфтааст БМТ.
Манбаъ мегӯяд, беҳтар шудани рейтинг аз дараҷаи “B3” ба дараҷаи “B2” пеш аз ҳама ба рушди устувори иқтисодии кишвар дар солҳои охир, таҳкими мавқеи молиявию буҷетӣ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ вобаста мебошад.
Ҳамчунин, БМТ гуфтааст, ки дурнамои “устувор” инъикоскунандаи интизориҳои мусбати агентии рейтингӣ нисбат ба идомаи сиёсати оқилонаи молиявию буҷетӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат мебошад.
Ин ниҳод мегӯяд, идомаи татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, коҳиш додани хавфҳои марбут ба устувории қарз ва таҳкими идоракунии молияи давлатӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани арзёбии рейтинги кишвар мусоидат кардаанд.
“Баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар бозгӯи эътимоди шарикони байналмилалӣ ва бозорҳои молиявӣ ба сиёсати макроиқтисодӣ ва суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши имкониятҳои ҷалби сармоя, коҳиш додани арзиши қарзгирӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи молиявии байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад”, – гуфтааст БМТ.
Ин чӣ маъно дорад?
Баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ аз "B3" ба "B2" нишон медиҳад, ки иқтисодиёт устувор шудааст ва вазъи молиявии Тоҷикистон беҳтар шудааст.
Дараҷаи "B2" нишон медиҳад, ки кишвар қодир аст уҳдадориҳои қарзии худро иҷро кунад, аммо хатарҳои эҳтимолӣ бо омилҳои иқтисодӣ ё беруна алоқаманданд. Бо вуҷуди ин, дараҷаи "B2" бо дурнамои "устувор" сатҳи нисбатан баланди эътимод ба иқтисоди кишварро нишон медиҳад, дар оянда тағйироти назарраси иқтисодӣ интизор нестанд. Хатарҳо муътадил боқӣ мемонанд ва иқтисодиёт устувор шудааст.
Дараҷаи "B3" бо дурнамои "мусбат" маънои онро дорад, ки вазъи иқтисодӣ беҳтар шудааст ва рушди оянда имконпазир аст, аммо хатарҳо нисбат ба рейтинги "B2" баландтар боқӣ мемонанд ва субот ҳанӯз ба даст наомадааст. Умуман, дараҷаи "B2" бо дурнамои "устувор" нисбат ба дараҷаи "B3" бо дурнамои "мусбат" эътимод ва суботи бештарро дар иқтисодиёт нишон медиҳад.
Дар бораи “Moody's”
“Moody's Investors Service” як оҷонсии байналмилалии радабандии қарзӣ мебошад, ки қобилияти қарзии содиркунандагони гуногуни қарз, аз ҷумла вомбаргҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусиро арзёбӣ мекунад. Он яке аз се бузургтарин оҷонсии рейтинги қарзии ҷаҳонӣ дар баробари “Standard & Poor's” ва “Fitch Ratings” мебошад.



