Дар рӯзи даҳуми ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон, тарафҳо якдигарро аз истифодаи маконҳои ғайриизомӣ барои ҳамла айбдор карданд. Ҳамчунин, дар пайи ин ҷанг, арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон ба болотарин сатҳ расида, омори кушташудаҳо аз ҳарду ҷониб афзудааст. Вале муҳимтарин хабар дар ин рӯз, интихоби роҳбари нави Эрон буд. Муҷтабо Хоманаии 56-сола, писари Алии Хоманаӣ, роҳбари пешини ин кишвар роҳбари нав ва сеюми Ҷумҳурии Исломиро интихоб ва муаррифӣ гардид. Муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи охирро дар Ховари Миёна дар ин матлаби мо хонед.
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ки баъди оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе қатъ карда буд, эълон кард, ки аз 11-уми март парвозҳояшро дар ин масир аз сар мегирад.
Ин ширкат гуфтааст, ки рӯзҳои 11, 13 ва 15 март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми Дубай ва баръакс парвоз анҷом медиҳад. Дар сомонаи ин ширкат ҷадвали минбаъдаи парвозҳои он дар ин масир низ гузошта шудааст.
Нархи билет барои сафар дар парвозҳои мазкур маълум нест.
Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд
Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 8-уми март иддао кардааст, ки Эрон барои анҷоми амалиёти низомӣ, аз ҷумла партоби паҳподҳо ва мушакҳои балистикӣ “аз минтақаҳои пурҷамъияти ғайринизомӣ” истифода мекунад.

Вале ин ниҳод ҳеҷ далеле дар робита ба гуфтаҳои худ ироа накардааст.
Ин ниҳод дар саҳифаи расмии худ дар “Х” навиштааст, ки “Амрико наметавонад, амнияти ғайринизомиёнро дар дохил ё наздики таъсисоте ки Эрон барои мақсадҳои низомӣ истифода мешавад, кафолат диҳад.
Дар ин баробар, Эрон низ, Амрикоро ба истифода аз маконҳои маскунӣ дар ҳамла ба Эрон айбдор мекунад.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, имрӯз, 9-уми март бо нашри наворе, ки дар он дида мешавад, аз пушти биноҳои истиқоматӣ мушак партоб мегардад, навишт, “мушакҳо аз минтақҳои маскунӣ дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ба самти Эрон партоб мешаванд ва ҷангандаҳои амрикоӣ аз ҳарими ҳавоии кишварҳои ҳамсоя барои ҳамла ба Эрон истифода мекунанд, ки ҳамаи инҳо амнияти минтақаро ба хатар меандозанд”.
Вале ӯ нагуфт, ки ин навор кай сабт шуда ва партоби мушаки дар он тасвирёфта, аз хоки кадом кишвар сурат гирифтааст.
Идомаи ҳамлаҳо ва афзоиши теъдоди қурбониён
Эрон шаби гузашта ва субҳи 9-уми март аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Исроил хабар дод. Расонаҳои исроилӣ аз шунида шудани “бонги хатар” дар даҳҳо минтақаи ин кишвар иттилоъ доданд.
Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил низ эълон кардааст, ки шаби гузашта ба Эрон ҳамлаҳо анҷом додааст.
Хабаргузории “ИРНА” навишт, ки дар пайи ҳамлаҳои рӯзи гузашта 4 донишҷӯи дигар кушта шудааст. Ба иттилои Вазорати улуми Эрон то кунун теъдоди донишҷӯёни кушташуда ба 10 нафар расидааст.
Ҳамчунин, рӯзи 8-уми март Артиши Эрон омори кушташудаҳои новчаи “Дена”-ро 104 нафар ва теъдоди захмиёнро 32 нафар гуфт.
Ёдовар мешавем, 5 рӯз пеш киштии “Дена”, ки аз як размоише аз Ҳинд бармегашт, дар соҳилҳои уқёнуси Ҳинд киштии ҳарбии Амрико зарба зад ва ғарқ гардид.

Дар ҳамин ҳол, Алӣ Ҷаъфариён, муовини вазири беҳдошти ин кишвар ба “Ал-Ҷазира” иттилоъ додааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон 1255 тан кушта шуда, беш аз 12 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кушташудаҳо аз 7 моҳа то 77-сола дида мешаванд ва инчунин миёнашон 200 зан низ ҳастанд.
Ҳамчунин, Исроил хабар дод, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 9-уми март аз сӯи Эрон 1 нафар кушта ва 2 тани дигар захмӣ шудааст. Шаби гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба Тел-Авив 6 нафар маҷрӯҳ шуда буд. Дар умум Исроил аз захмӣ шудани наздики 2 ҳазор тан дар пайи ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар хабар додааст.
Мақомоти ин кишвар охирин маротиба теъдоди кушташудаҳои ҳамлаҳои эронро 11 тан гуфта буданд.
Зимнан, фармондеҳии марказии Амрико аз марги ҳафтумин сарбози амрикоӣ дар ҷанги ин кишвар алайҳи Эрон хабар дод.
Ин ниҳод шоми 8-уми март гуфтааст, ки ин сарбози амрикоӣ рӯзи 1-уми март дар пайи ҳамлаи Эрон ба нерӯҳои Амрико дар Арабистони Саудӣ "ба шиддат маҷруҳ шуда буд".

Арзиши нафт дар бозорҳои ҷаҳон ба болотарин сатҳ пас аз соли 2022 расид
Рӯзи душанбе, 9-уми март нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ марзи 100 долларро гузашта, ба баландтарин сатҳи худ аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 расид. Он замон ҳам нархи як бушкаи нафт аз 100 доллар фаротар рафта буд.
Дар пайи шадид шудани даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон оғоз шуд, субҳи имрӯз нархи як бушкаи нафти “Брент” ба беш аз 25 дарсад афзоиш ёфта, ба наздики 120 доллар расид. Вале пасон нархи он каме коҳиш ёфт ва ба 108 доллар баргашт.

Арзиши як бушка нафти WTI-и Амрико имрӯз 13,5 дарсад зиёд ва ба 103 доллар баробар шудааст.
Ба навиштаи “Financial Times”, дар пайи афзоиши босуръати қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳон, вазирони молияи кишварҳои Гурӯҳи Ҳафт (G7) имрӯз ҷаласаи изтирори баргузор карда, роҳҳои пешгирии онро баррасӣ мекунанд.
Маҳдуд шудани рафтуомади киштиҳо тариқи тангаи Ҳурмуз, ки тақрибан як панҷуми нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, суръати болоравии қимати нафтро бештар кардааст. Тибқи иттилои ширкати тадқиқотии “Rystad Energy”, ҳамарӯза аз ин гулӯгоҳ ҳудуди 15 миллион бушка нафти хом ё 20 дарсад таъминоти ҷаҳонӣ убур мекунад.
Дар ин ҳол, Доналд Трамп болоравии нархи нафтро “муваққатӣ” ва “баҳои ночиз дар баробари аз байн бурдани таҳдидҳои ҳастаии Эрон” донистааст. Ӯ “афзоиши кӯтоҳмуддати қимати нафт”-ро “баҳои бисёр ночиз барои амният ва сулҳи Амрико ва тамоми ҷаҳон” хондааст.
Исмоил Бақоӣ, рӯзи 9-уми март дар нишасти хабарӣ, дар хусуси нигарониҳои баъзе кишварҳои изҳор доштааст, ки нигарониҳои кишварҳои Аврупо аз нигарониҳои Эрон дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил фарқ мекунад.
“Мо нигарони ҷони шаҳрвандонамон ҳастем. Мо ба унвони кишваре, ки мустақиман мавриди тааррӯзи низомӣ ва таҷовузи ваҳшиёнаи мутаҷовизин қарор гирифтааст, машғули дифоъ ҳастем. Баъзе кишварҳо нигарони боло рафтани қимати сухт, ё қимати тамомшудаи маҳсулот дар фурушгоҳҳояшон аст”.
Афзоиши кушташудаҳои Лубнон. Вазъ дар Ховари Миёна
Мақомоти Лубнон рӯзи 8-уми март гуфтаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба ин кишвар беш аз ним миллион нафар овора шудаанд. Вазорати беҳдошти Лубнон гуфтааст, ки аз 2-юми март ба ин тараф беш аз 400 тан кушта шудааст. Исроил рӯзи 9-уми март ба сокинони чанд минтақаи Лубнон ҳушдор додааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.
Исроил ҳам расман тасдиқ кард, ки ду сарбозаш дар даргириҳо бо “Ҳизбулоҳ” дар ҷануби Лубнон кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ин аввалин сарбозони кушташудаи исроилӣ пас оғози дигарбораи ҷанги Исроил бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон аст.

Дар ҳамин ҳол, дар шабонарӯзи гузашта, ҳамлаҳо аз пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна ба Эрон ва ҳамин тариқ, дар посух ба он зарбаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар минтақа идома ёфтааст. Аз ҷумла, Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ субҳи 9-уми март гуфтааст, як паҳподеро, ки дар ҳоли парвоз ба самти як майдони нафтӣ буд, сарнагун кардааст.
Ин кишвар рӯзи гузашта аз ҳамла ба “як минтақаи маскунӣ дар вилояти Ал-Харҷ” хабар дода, гуфта буд, ки дар пайи он 2 нафар кушта ва 12 тан маҷрӯҳ шудааст.
Дар Ироқ низ шаби гузашта аз ҳамлаҳои зиёде гузориш шудааст. Аз ҷумла, чанд паҳпод дар наздикии фурудгоҳи Бағдод раҳгирӣ кардааст. “Ассошиэйтед пресс” навиштааст, ки ин паҳпод ҳангоми наздик шудан ба пойгоҳи низомии Амрико, ки дар дохили ин фурудгоҳ аст, нобуд карда шудааст.
Баҳрайн 9-уми март эълон кардааст, ки дар пайи як ҳамлаи паҳподии Эрон ба пойтахти ин кишвар дастикам 32 нафар маҷрӯҳ шудааст.
Шаби гузашта Амрико ба кормандони худ дар Сафорати ин кишвар дар Арабистони Саудӣ дастур додааст, ки ин кишварро тарк кунанд.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи гузашта эълон кард, ки Эрон беш аз 1 ҳазору 400 паҳпод ба ин кишвар партоб шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати дифоъи Иморот аз ин миқдор паҳподҳо 80 ададаш аз системаи дифоъии ҳавои гузашта, ба замин хӯрдааст. Инчунин, ба гуфтаи онҳо 238 мушали балистикӣ партоб шуда, 2 мушак расидааст.
Дар ҳамин ҳол, Иморот рӯзи 9-уми март аз захмӣ шудани ду нафар дар пайи афтодани боқимондаи паҳподҳо хабар дод.

Қатар 313 нафарро барои паҳн кардани "маълумоти бардурӯғ" боздошт кардааст. Вазорати корҳои дохилии Қатар гуфтааст, ки ин афрод барои "наворбардорӣ, паҳн ва нашри маълумоти бардурӯғ" боздошт шудаанд ва боздоштшудашо аз миллатҳои гуногунанд.
Дар ҳоле, ки ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳои низомӣ ва зерсозтҳои онҳо дар кишварҳои Халиҷи Форс идома дорад, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки тасмим дар мавриди замони поёни ҷанг бо Эрон “тасмими муштарак бо Бинямин Натаняҳу, сарвазири Исроил хоҳад буд”.
Ӯ дар суҳбати телефонӣ бо “The Times Of Israel” гуфтааст, ки бо Натаняҳу “суҳбатҳое” доштааст ва “дар замони муносиб тасмим хоҳад гирифт”.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.



