Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бо гузашти 12 рӯз аз ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва посухи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар Халиҷи Форс ин минтақа макони доғ ва мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён шудааст. Тоҷикистон низ дар изҳороту баёнияҳои расмияш аз вазъи Ховари Миёна нигаронӣ кард.

Муовини пешини вазири корҳои хориҷӣ ва дипломати собиқи тоҷик ҳаводиси дар Ховари Миёна ҷараёндоштаро ба “Азия-Плюс” тавзеҳ ва ба ин саволҳо посух доданд: Мурод аз музокироти Амрико ва Эрон чӣ буд? Ҳадафи воқеии таҷовуз ба Эрон чист ва паси пардаи ин ҷанг чӣ нақшаҳо ниҳуфтааст? Пойгоҳҳои низомии Амрико дар Халиҷи Форс ба манфиати кист? Ва оё давлатҳои дигари минтақа низ бояд нигарон бошанд?

 

“Мавқеъҳои комилан ба ҳам зид сабаби…”

Абдунабӣ Сатторзода, дипломат ва муовини пешини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки борҳо дар ин симмат бо дипломатҳои ҳам Эрон ва ҳам Амрико дидору гуфтугӯ доштааст, сабаби асосии нокомии музокиротро дар мавқеъҳои комилан зиддиякдигари тарафҳо мебинад.

“Сабаби аслии нокомии ҳар музокирот, хосса музокироти байни Ҷумҳурии исломии Эрон ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико, дар он аст, ки тарафҳои музокиракунанда мавқеъҳои комилан ба ҳам зид доранд ва барои муомила ва мусолиҳа омода нестанд”, – мегӯяд Сатторзода.

Ба гуфти ӯ, “таҷрибаи мусбати робитаҳои байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад, ки музокирот бе гузашти тарафҳо ба ҳамдигар ҳеҷ самаре нахоҳад дод”.

 

Талаби Амрико аз Эрон – даст кашидани комил аз барномаҳои ҳастаӣ, аз нигоҳи Сатторзода, хилофи манфиатҳои миллии Теҳрон аст, зеро Эронро аз ҳаққи истифодаи осоиштаи ураниюм барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти барқӣ ва ҳифзи амнияти миллияш маҳрум мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи эронӣ бошад, ба қавли ин дипломати тоҷик, ба натиҷаи мусбат дар масъалаи ҳаққи ғанигардонии ураниюм барои ҳадафҳои осоишта ва бардоштани таҳримҳо хушбин буд, аммо ин хушбинӣ бо таҷовузи ногаҳонӣ ба хоки Эрон ба коми оташ рафт.

 

“Музокирот барои ба дарозо кашидани вақт буд”

Ба қавли Абдунабӣ Сатторзода, “баррасии раванди музокироти ду соли охир, аз ҷумла музокироти охири Эрон ва Амрико дар арафаи ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эрон, равшан нишон медиҳад, ки музокирот барои Амрико танҳо василае барои ба дарозо кашидани вақт ва фароҳам овардани заминаи бештари низомӣ барои ҳамла ба Эрон буд”.

“Албатта, дар ҳодисаи ба ҷанг кашидани музокирот нақши Исроилро фаромӯш набояд кард. Сарвазири ин кишвар Бенямин Натяниҳу бо исрор хоҳони ба ҷанг кашидани Амрико бо Эрон буд ва мақсади сафарҳои пайдарпайяш ба Амрико ва диду боздидҳояш бо президенти он Трамп низ ҳамин буд. Вагарна ҳайати музокиракунандаи эронӣ ба натиҷаи мусбати музокирот дар бораи масъалаи дарёфти ҳаққи ғанигардонии ураниюм барои ҳадафҳои осоишта ва бардоштани таҳримҳо хушбин буд”, – таъкид мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Дар бораи он ки оё ҷанг ягона роҳи ҳалли баҳс аст, Сатторзода мавқеи қатъӣ дорад: “Истифода аз зӯр ва силоҳ натиҷа нахоҳад дод. Исботи он ҷанги дувоздаҳрӯза ва ҷанге, ки ҳоло бо шиддат давом дорад. Шикасти низомӣ ва сиёсии Исроил ва Амрико, ки такя ба зӯри ҳарбии хеш доранд, маълум аст ва ман ба он бовар дорам”.

Роҳи ягонаи ҳалли ин низоъ аз нигоҳи Сатторзода “дар музокирот ва сулҳу оштӣ” аст. Таъкид мекунад, ки “роҳи дигаре нест, зеро идомаи ҷанг, ки бо гузаштани ҳар рӯз минтақаҳои зиёд ва кишварҳои зиёдро фаро гирифта истодааст, басо хатарнок мебошад”.

Ӯ барои тақвияти андешааш ин байти Фирдавсиро ёд овард:

Касе нест бе озу бе ному нанг,

Ҳамон оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг!

 

Дипломати тоҷик аз “чор ҳақиқати талх” мегӯяд​​​​​​​

Дипломати тоҷике, ки солҳо дар кишварҳои Ховари Миёна кори дипломатӣ кардааст, таҷовузи Амрико ва Исроил ба Эронро аз чаҳор зовия баррасӣ кард ва онро “чор ҳақиқати талх” номид.

 

Якум: “Ҳадаф бунёди “Исроили бузург” аст”.​​​​​​​

Ба қавли ин дипломат, ки нахост номаш ифшо шавад, “барномаи ҳастаӣ танҳо як баҳона барои зарба задан ба Эрон буд, ҳол он ки дақиқан медонистанд, ки он барнома барои истифодаи сулҳомез аст. Роҳбари исломии кишвар чанд сол пештар дар фатвои худ сохтани бомбаи ҳастаиро муҳаррам эълон карда буд ва ба ҳама хуб маълум аст, ки фатво дар шариати исломӣ муқаддас ва раднoпазир, татбиқи он бар ҳар мусулмон ҳатмӣ мебошад”.

“Пас, мақсади ин таҷовуз пиёда кардани нақшаи Исроил – маҳви иқтидорҳои ҳамсоягон ва амалии тарҳи тавротии бунёди “Исроили бузург” аз Нил то Фурот. Бо ин мақсад, Исроил бо кумаки Амрико то ин дам тавонист чанд давлати арабии “ҳарифаш” – Ироқ, Либия, Сурия, Яманро пора-пора ва гирифтори мушкили дохилӣ кунад”, – иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Дар ин баробар, вай таъкид кард, “Эрон аз он чор давлати арабие, ки то имрӯз торумор карда шуданд, бо ватандорӣ, таъриху фарҳангу тамаддуни чандҳазорсолаи худ фарқ мекунад. Шикастани миёни он ҳатман шикастани миёни худро низ талаб мекунад”.

 

Дуюм: Ҳадаф аз таъсиси пойгоҳҳои Амрико дар Халиҷи Форс чист?​​​​​​​

Ӯ аз зовияи дигар ба масъала нигоҳ карда, гуфт, ҳадаф аз таъсиси пойгоҳҳои низомии Амрико дар давлатҳои арабии Халиҷи Форс на ҳимояи ин давлатҳо аз ҳуҷуми беруна, балки ҳимояи Исроилу манофеи Амрико ва зери назорат гирифтани минтақа аст.

“Ба эҳтимоли зиёд, хароҷоти аксари ин пойгоҳҳо ба зиммаи давлатҳои мизбон аст. Аммо ҳаводиси ахир собит кард, ки ин пойгоҳҳо на кафили амният, балки манбаъи хатар аст. Амрико пеш аз оғози ҳамла низомиёнашро аз ин пойгоҳҳо тахлия кард ва кишварҳои арабиро дар рӯ ба рӯйи зарбаҳои ҷавобии Эрон танҳо гузошт”, – гуфт дипломати тоҷик.

 

Сеюм: пойи Амрико аз Халиҷи Форс канда мешавад?​​​​​​​

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, “Эрон пеш аз таҷовуз эълон карда буд, ки ҳамла ба ин кишвар ба ҷанг дар саросари минтақа табдил хоҳад ёфт ва он поёни ҳузуру  манфиати Амрико дар минтақа хоҳад буд”.

“Фикр мекунам, Трамп бо гӯш андохтан ба “маслиҳат”-ҳои Нетаняҳу хатои бузург кард. Ин метавонад ба ояндаи сиёсӣ ва давлатдории Трамп латма занад, пойи Амрикоро аз минтақа барканаду ӯро мавриди хатари "ипичмент" аз ҷониби Конгресс қарор диҳад”, – иброз дошт ӯ.

 

Чорум: “Ҳамаи давлатҳои минтақа дар хатаранд”​​​​​​​

Ин дипломати тоҷик Исроилу Амрикоро муқассири ҳама даргирӣ ва тафриқаандозиҳо байни давлатҳои минтақаи Ховари Миёна донист ва гуфт, “ин ду ҳаргиз ба ташкили давлати Фаластин имкон нахоҳанд дод. Тамоми хоки Фаластинро мехоҳанд фурӯ баранд ва “иштиҳо” бо он маҳдуд нахоҳад шуд”.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?