Ду рӯзи ҳаждаҳуми ҷанг алайҳи Эрон, вазири дифои Исроил иддао кард, ки дар пайи як ҳамлаҳои ин кишвар, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи Басиҷ кушта шудаанд. Эрон то ҳол ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Алии Лориҷонӣ дар номае кишварҳои исломиро интиқод кард, ки онҳо ба таври шоиста аз Эрон ҳимоят накардаанд. Ин ва дигар ҳаводиси охирро дар Ховари Миёна, дар ин матлаби мо хонед.
Аз мактуби интиқодии Лориҷонӣ ба кишварҳои исломӣ то хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани ӯ
Чанд лаҳза пеш, Исроил Катс, вазири дифоъи Исроил гуфт, қароргоҳи Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ, ҳадафи ҳамлаи рӯзи гузаштаи Исроил қарор гирифт ва дар ин ҳамла Лориҷонӣ ва Сулаймонӣ кушта шудаанд.
Ин иттилоъро чанде аз расонаҳои исроилӣ ва байналмилалӣ бо такя ба Катс нашр карданд. Аз ҷумла, BBC навиштааст, ки Лориҷонӣ ҳамроҳи писараш кушта шудааст. Вале мақомоти Эрон ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд. Аммо дар саҳифаи "Х"-и Лориҷонӣ имрӯз дастнависе нашр шудааст, ки гуфта мешавад, ӯ онро дар остонаи видоъ бо малооҳони кушташудаи эронӣ навиштааст.
Алии Лориҷонӣ кист ва дар низоми Эрон чӣ нақше дорад, дар ин маводи мо хонед: Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Ин ҳам дар ҳолест, ки шаби гузашта, Алии Лориҷонӣ, дар як номае кишварҳои исломӣ интиқод карда буд, ки ба ҷуз “мавридҳои нодир” онҳо аз Эрон ҳимоят накардаанд.
“Аммо миллати Эрон бо иродаи қавӣ душмани нобакорро саркӯб кард. Ба наҳве, ки имрӯз душман намедонад аз ин бунбасти стратегӣ чӣ гуна раҳоӣ ёбад”, – омадааст дар номаи ӯ, ки расонаҳои эронӣ нашр карданд.
Ӯ дар ин нома гуфтааст, ки Амрико ва Исроил дар фикри “таҷзияи Эрон” буданд, вале бо муқовимати миллӣ ва исломии эрониён рубарӯ шуданд.
Лориҷонӣ аз бархе кишварҳо интиқод карда, таъкид кардааст, ки “онҳо гуфтанд, чун Эрон пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико ва Исроилро дар он кишварҳо ҳадаф қарор дода, пас Эрон душмани мост”.
“Оё Эрон бояд даст рӯйи даст гузорад, ки аз пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои шумо ба Эрон ҳамла шавад?!…”, – пурсидааст дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон.
Лориҷонӣ дар охир номаи худ ба кишварҳои исломӣ гуфтааст, ки Эрон хайрхоҳи шумост ва “ваҳдати уммати исломӣ бо ҳама қудрат метавонад амният ва истиқлол кишварҳоро барои ҳама таъмин ва тазмин кунад”.
Аз кушта шудани кӯдаки серӯза то ҳамла ба анбори марказҳои муҳимоти пойгоҳҳо
Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта ҳамлаи тарафҳо ба минтақаҳои якдигар идома доштааст. Аз ҷумла, хабаргузории “Форс” менависад, ки дар пайи ҳамлаи 16-уми марти Амрикову Исроил ба шаҳри Арок дар як манзили маскунӣ як навзоди 3-рӯза дар оғуши модараш кушта шудааст.
Ҳамчунин, рӯзи 16-уми март дар пайи як ҳамла ба идораи барқ дар Теҳрон чанд муҳандис кушта шудааст.
Субҳи 17-уми март ба ҳарими маҷмааи таърихии Кохи Саъдободи ҳамла шудаааст. Ба гузориши расонаҳо, ёдгориҳои ин кохро қаблан ба ҷойҳои бехавф интиқол дода буданд, вале бар асари таркишҳо бархе биноҳои таърихии ин маҷмааи осеби ҷиддӣ дидааст. Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Кохи Саъдобод бузургтарин маҷмааи таърихии Эрон ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, нисфирӯзии 17-уми март чанд таркиш дар Теҳрон шунида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Эрон мегӯяд дар 17-умин рӯзи ҷанг, пойгоҳҳои Амрикоро ҳадаф гирифта, ба анбори марказҳои муҳимоти пойгоҳҳои “Аз-Зуфра”-и Иморот ва “Шайх Исо”-и Кувайт зарба задааст.
Инчунин, нерӯҳои Эрон мегӯянд, ҷойи фармондеҳӣ ва мушакии “Рафаел”-и Исроилро хароб кардаааст. Ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест, зеро дар Исроил сонсури шадиди низомӣ ҷорист ва дастрасӣ ба иттилоъи воқеӣ маҳдуд аст.
Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои шабонарӯзи гузашта ба Исроил 70 тан захмӣ шуда, дар умум теъдоди маҷрӯҳон аз оғоизи ҳамлаҳо ба 3 ҳазору 530 тан расидааст.
Ароқчӣ: Ҷанг бояд тавре хотима ёбад, ки дигар такрор нашавад
Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба гуфтугузор дар бораи хотима додани ҷанг гуфтааст, он бояд ба сурате хотима ёбад, ки дигар такрор нашавад. Ӯ дар посух ба иддаои Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтааст, ки Теҳрон на паёме ба Амрико фиристодааст ва на тақозои оташбас дорад.
“Инки мо мегӯем оташбас намехоҳем, на ба ин далел аст, ки мо дунболи ҷанг ҳастем, ба ин далел, ки ин бор ин ҷанг бояд ба шакле тамом шавад, ки душманони мо дигар ҳаргиз ба фикри такрори ин ҳамлаҳо ва ин таҷовуз наафтанд”, – тавзеҳ додааст Ароқчӣ.
Пеш аз ин, 16-уми март дар нишасти хабарӣ Доналд Трамп ба саволи рӯзноманигорон, ки оё ин ҳафта метавонад ҷанг бо Эрон хотима ёбад, гуфтааст, ки “бале, албатта”. Вале пас аз такрори ин савол изҳор доштааст, ки “фикр намекунам, аммо ба зудӣ тамом мешавад, зиёд тӯл намекашад”.
Зимнан, Аббос Ароқчӣ дар навиштае дар саҳифаи “Х”-и худ, хабарҳои нашршударо, ки гӯё ӯ бо Стивв Уиткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна мулоқот кардааст, рад кард.
Ҳамчунин, нисфирӯзии 17-уми март вазири корҳои хориҷии Эрон дар суҳбати телефонӣ бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ аз масъулияти СММ ва шахсан дабири кулл барои маҳкум кардани ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ёдоварӣ кардааст.
"…Ҳар кишвар ё ниҳоди байналмилалие, ки дағдағаи сулҳ ва амният дорад, бояд масъулона ва бидуни гузашт кардан, ҷинояти ин ду режимро маҳкум карда ва хостори қатъи таҷовузи низомии онҳо алайҳи миллати Эрон шавад", – навиштаанд расонаҳои эронӣ аз номи ӯ.
СММ ва худи Гутериш дар бораи ин суҳбат то ҳол иттилое нашр накрадаанд.
Пизишкиён: Ин ҷанги ваҳшиёнаро Эрон оғоз накардааст
Дар ҳамин ҳол, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар як суҳбати телефонӣ бо Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса гуфтааст, ки Эрон ин ҷанги “ваҳшиёна”-ро оғоз накардааст.
“Дифоъ дар баробари ҳуҷум як ҳаққи табиӣ аст, ки мо онро хуб метавонем. Истифода аз пойгоҳҳои Амрико дар минтақа бар алайҳи Эрон бо ҳадафи барҳам задани равобити мо бо ҳамсоягонамон бояд қатъ шавад”, – зикр кардааст ӯ.
Ба таъкиди Пизишкиён, сулҳу субот дар Ховари Миёна бо нодида гирифтани “таҷовузи саҳюнистӣ-амрикоӣ ба Эрон” амалӣ намешавад.
Ба навиштаи раоснаҳои эронӣ, раисҷумҳури Эрон аз кишварҳо ҷаҳон хостааст, ин ҳамларо маҳкум ва Амрикову Исроилро ба эҳтироми қонунҳои байналмилалӣ водор кунанд.
Дар навбати худ, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса дар саҳифаи “Х”-и худ навиштааст, ки дар суҳбат бо Масъуд Пизишкиён аз Эрон хостааст, ки ҳамла ба кишварҳои Ховари Миёнаро қатъ кунад.
Ӯ ҳамчунин даъват кардааст, ки убури нафткашҳо аз тангаи Ҳурмуз ҳарчӣ зудтар барқарор карда шавад.
Зимнан, ҳамаи кишварҳио узви НАТО дар бораи пешниҳоди Доналд Трамп барои кумак ба бозгушоии тангаи Ҳурмуз ҷаовби рад додаанд. Аз ҷумла, Кир Стармер, нахуствазири Бритониё гуфтааст, бозкушоии ин гулӯгоҳ, набояд рисолати НАТО бошад. Ба гуфтаи ӯ барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз бояд эътилофе бошад, ки кишварҳои Аврупо, Халиҷи Форс ва ИМА дар он ҳузур дошта бошанд.
Ҳамчунин, Йоханн Вадефул гуфтааст, бозкушоии он ба НАТО ҳеҷ рабте надорад: “Ман намебинам, ки НАТО дар ин самт ягон қарор қабул карда бошад ё тавонад масъулияти тангнои Ҳурмузро ба уҳда гирад".
Қаблан Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз кишварҳои аврупоӣ ва Чин хоста буд, ки эътилофе ташкил карда, барои бозкушоии тангаи Ҳурмуз кумак кунанд, дар акси ҳол барои НАТО “бисёр бад” хоҳад шуд.
Афви байналмилал хостори посухгӯии тарроҳои ҳамла ба мактаби Миноб шуд
Зимнан, Созмони афви байналмилал мегӯяд, таҳқиқоти пурдоманаи ин созмон дар бораи ҳамла ба мактаби Миноб нишон додааст, ки Амрико тамоми эҳтиётҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз осеби ғайринизомиён анҷом надодааст ва ба ин тартиб қонунҳои башардӯстонаи байналмилалиро нақз кардааст.
Ин созмон хостори таҳқиқи сареъ ва шафофи Амрико дар ин бора шуда, гуфтааст, “касоне, ки масъули барномарезӣ ва иҷрои ҳамлаи ғайриқонунии Амрико ба як мактаб дар Миноб ҳастанд”, бояд посухгӯ бошанд.
Ҳамла ба мактаби ибтидоии духтаронаи Шаҷараи Тайиба дар шаҳристони Миноби вилояти Хузистон 28-уми феврал дар рӯзи аввали ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон сурат гирифт ва дар он 168 нафар, аз ҷумл 110 кӯдак кушта шудаанд, ки кӯдакон аз 7 то 12-сола будаанд.
Ҳамла ба ин мактаб чӣ гуна сурат гирифт ва паёмадҳои он барои Амрико чист, дар матлаби мо хонед: Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад.
Вазъ дар дигар кишварҳои Ховари Миёна
Дар шабонарӯзи гузашта дигар кишварҳои Ховари Миёна низ ором набудааст. Аз ҷумла дар ҳамла ба минтақаи Наҳария, ки 16-уми март аз ҷониби “Ҳизбуллоҳ” сурат гирифта, дар пайи он 6 нафар захмӣ гаштааст. Дар ҳамлаи заминӣ низ як сарбози исроилӣ маҷрӯҳ шудааст.
“Ал-Ҷазира” хабар медиҳад, ки Исроил рӯзи гузашта ва имрӯз ба чанд шаҳр дар Лубнон зарба задааст.
Абуалӣ Аскарӣ, яке аз фармондеҳони аршад ва сухангӯи “Ҳизбуллоҳ”-и Ироқ кушта шудааст. Кушта шудани ӯро душанбеи 16-уми март раҳбари ин гурӯҳ дар баёнияе эълон кард, вале дар он замон ва макони ин ҳодиса гуфта нашудааст.
Хабаргузории “AFP” навиштааст, ки Абуалӣ Аскарӣ рӯзи шанбеи 14-уми март дар ҳамлае дар Бағдод кушта шудааст. Ӯ пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон вориди ҷанг бо Исроил шуда буд.
Мақомоти Лубнон гуфтаанд, ки дар пайи даргириҳои ахир дар ин кишвар беш аз 1 миллион нафар овора шудаанд.
Ҳамзамон, бомдоди 17-уми март сафорати Амрико дар Бағдод мавриди ҳамлаи мушакиву паҳподӣ қарор гирфтааст.
Шаби 16 ба 17-уми март майдони гази “Шоҳ” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам пас аз ҳамлаи паҳподӣ оташ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки оташ хомӯш карда шуда, фаъолияти ин ин таъсисот ба таври муваққат қатъ шудааст. Маълум нест, ки дар пайи ин ҳодиса касе захмӣ шудааст ё не.
Рӯзи 17-уми март мақомоти Иморот гуфтаанд, ки як нафар дар Абу-Забӣ бар асари зарбаи як мушаки раҳгирӣ шуда як покистонӣ кушта шудааст.
Вазорати мудофиаи Қатар эълон кардааст, ки рӯзи гузашта аз 14 мушаки балистикӣ ва чанд паҳпод 13 мушак ва ҳамаи паҳподҳоро раҳгирӣ карда, як мушак дар ҷойи беодам суқут кардааст.
Кувайт ва Арабистони Саудӣ низ аз раҳгирии чанд паҳпод хабар доданд.
“Ассошиейтед Пресс” низ бо такя ба Фармондеҳи марказии Амрико мегӯяд, теъдоди сарбозони амрикоии захмишуда дар ин ҷанг таҷрибан 200 нафар аст.
Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон.



