ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
Имсол дар кишвар ба муносибати Наврӯз чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ бӣаргузор мегарданд. Аз ҷумла имрӯз дар пойтахт маросими истиқболи Наврӯз соати 4:00 субҳ аз баландтарин нуқтаи шаҳр- Боғи Ғалаба оғоз гардид.
Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар “Наврӯзгоҳ” соати 19:00 оғоз мешавад.
Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои асосии наврӯзӣ имрӯз дар шаҳри Бохтар, соати 9:00 барпо мегардад.
Дар Суғд низ чорабинии асосии Наврӯз имрӯз дар Қалъаи Хуҷанд барпо мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Имрӯз дар Тоҷикистон расман ҷашни Наврӯз таҷлил мешавад. Он ҷашни бостонии мардуми тоҷик буда, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад ва аз қадим тоҷикон ба таври густурда аз он таҷлил мекарданд.
Наврӯз илмитарин, дақиқтарин ва мардумитарин ҷашни мардумони мост, ки аз замони пайдоиш то кунун дар қолаби ҳеч идеологияе, аз ҷумла ғояҳои диниву сиёсӣ нагунҷид.
Ҷашни Наврӯз соли 2010 ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангиии ЮНЕСКО ворид шуд ва мақоми байналмилалӣ гирифт. Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегиранд.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи шумо мардуми шарифи кишвар, хонандагону ҳаводорони худ дар сар то сари оламро ба ин ҷашни бузурги миллӣ табрик мегӯяд ва чун фалсафаи Наврӯз навшавии зиндагиву кору рӯзгор ва фикру мафкураву дидгоҳҳоро бароятон орзу мекунад.
Соли 2009 – Дар пойтахт меҳмонхонаи панҷситорадори «Hyatt Regency Dushanbe” ба истифода дода шуд.
Соли 2013 – Дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, намояндагони воломақоми Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тотористони Русия, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ва ҳайатҳои илмиву фарҳангӣ аз давлатҳо ва созмонҳои дигар баргузор гардид.
Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон пас аз таҷдид Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Камоли Хуҷандиро ифтитоҳ кард, ки дар он ҳайкали ҳафтметраи Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд.
Соли 2019 – Дар Душанбе бори аввал карнавали Наврӯз баргузор гардид, ки дар он тақрибан 30 ҳазор нафар иштирок карданд.
Соли 2021 – Шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардид.
Соли 2022 – Дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин -Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро мавриди истифода қарор дода шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1911 – Зодрӯзи Фазлиддин Шаҳобов, оҳангсоз, шашмацомсаро ва навозандаи тоҷик.
Фазлиддин Шаҳобов фарзанди оилаи мударрис ва шоири дарбори амири Бухоро, шогирд ва мухлиси маъруфи ашъори Бедил, Абдураҳими Хатлонӣ буд. Ӯ дар Бухоро таҳсил кардааст ва нахустин маҳорати мусиқии худро аз устодони маъруфи шаҳр омӯхт. Таҳсилоташро дар Консерваторияи давлатии Маскав ва дар шохаи дирижёрӣ ба итмом расонид.
Фазлиддин Шаҳобов ҳамчун дирижёр, композитор ва таълимдиҳандаи маъруфи мусиқии классикии тоҷик дар қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон маъруф буд.
Вай ба рушди мактаби Шашмақом дар Душанбе, таъсиси ансамбли ҳофизони мақомсароро ва сабти нотавии ин жанр саҳми назаррас гузошт. Асарҳои вокалӣ, симфонӣ ва романҳои ӯ ба мусиқии тоҷик ранги тоза бахшиданд.
Соли 2000, пас аз вафоташ, номи ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ҳамчун яке аз асосгузорони мактаби классикии Шашмақом сабт гардид.
Соли 1914 – Мавлуди Саодат Икромӣ, китобдор, яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Саодат Икромӣ, китобдор ва яке аз поягузорони Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта, пас аз кӯчидан ба Душанбе ба таҳсил дар Техникуми молия шурӯъ кард.
Фаъолияти касбии Саодат Икромӣ дар Китобхонаи оммавии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ оғоз ёфт, ки дар он ҷо ӯ чун китобдор хизмат карда, умри худро ба рушди китобхона ва маърифат бахшид.
Саодат Икромӣ ҳамсари шоири маъруф Ҷалол Икромӣ буд.
Соли 1947 – Мавлуди Сармад, шоири тоҷик.
Сармад, ки номи аслиаш Гадобой Ӯзбеков аст, баъди хатми мактаби деҳа дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилро идома дода, фаъолияти кориашро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз намудааст. Баъдан мухбир буд, ҳамзамон барои рӯзномаи “Газетаи муаллимон” шеър менавишт.
Эҷоди Сармад саршори дард ва ормонҳои замони худ буд. Китобхояш “Ашки шафак”, “Вожаҳои сияҳпӯш” ва “Хобҳои офтобӣ” пас аз маргаш нашр шуданд.
Сармад 18 октябри соли 1994 аз ҷониби афроде латукӯб гардида, баъди ду моҳ дар беморхонаи Панҷакент аз олам даргузашт.
Соли 1969 – Зодрӯзи Рустами Қосим, овозхони тоҷик.
Рустами Қосим дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ шавқи беандоза дошт ва сурудҳои халқӣ ва тӯёна иҷро мекард. Ин буд, ки халқ ӯро “Рустамча” мегуфтанд. Модараш ба ӯ аввал дуторнавозиро омӯхта буд, баъдан ба ӯ аккордеон харида, оҳангҳои навро ба ӯ меомӯхт.
Ӯ 26-уми январи соли 1995 дар Душанбе ҳангоми хобаш ба қатл расонида шуд. Сабаби марг ва аз ҷониби кӣ кушта шуданаш то ҳол маълум нест.
Соли 1991 – Мавлуди Сайёра Сафарӣ, ҳунарпешаи тоҷик.
Сайёра Сафарӣ аз ҳунарпешагони ҷавон ва боистеъдоди тоҷик аст. Ӯ дар хонадони Саид Сангин, шоир ва нависанда ба дунё омада, Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкини Маскавро хатм кардааст. Роҳи ӯ ба саҳнаҳои бузурги санъат ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ, замоне дар филми "Десантура" нақш офарид, боз шуд. Ӯ дар як қатор филмҳои истеҳсоли Русия нақш офарида, маъруфият низ касб кардааст.
Сайёра Сафарӣ дар синамои миллӣ низ шинохта буда, дар чандин филмҳо бозигарӣ кардааст. Охирин нақши муваффақи ӯ дар филми "Моҳӣ дар шаст"-и Муҳиддини Музаффар буд, ки аз беҳтарин филмҳои чанд соли охир дониста мешавад.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1999 дар 30-юмин иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО тасмим гирифта шуд, ки ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии шеър ҷашн гирифта шавад. Мақсади ин рӯз мусоидат ба рушди шеър, эҳёи суннати шеъри шифоҳӣ, таълими шеър ва барқарорсозии муколама байни шеър ва дигар навъҳои санъат гуфта мешавад.
Соли 2000 дар Конгресси Иттиҳоди байналмилалии театрҳои лӯхтак (UNIMA) пешниҳод шуд, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии театрҳои лӯхтак ҷашн гирифта шавад. Ин идеяро Ҷивод Золфагарихо аз Эрон пешниҳод карда буд.
Соли 1966 Маҷмаи умумии СММ қарор қабул кард, ки 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо нажодпарастӣ ҷашн гирифта шавад. Ин рӯз ба ёди куштори 69 нафар дар тазоҳуроти осоиштаи зидди режими апартеид дар шаҳри Шарпевили Африқои Ҷанубӣ дар соли 1960 пазируфта шудааст.
Соли 2005 Рӯзи байналмилалии одамони дорои синдроми Даун бори аввал ҷашн гирифта шуд. Ин сана рамзӣ буда, сабаби ин синдром мавҷудияти се нусхаи хромосомаи 21 мебошад, ки ба санаи 21-уми моҳи сеюм мувофиқ аст.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳи баъзан ҳолатҳо борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20 гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0+2º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 21 ба 22-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.



