Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Пайрав Чоршанбиев, Asiа-Plus

Таваҷҷуҳи кам нисбати сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро шахсони пурсидашуда ба “Азия-Плюс” хавфи баланди талаф додани пасандоз шарҳ доданд. Биёед ба масоили марбут ба хавфҳо рӯшанӣ андохта, зарур будани сармоягузориро шарҳ бидиҳем.

Иқтисодчиён зикр мекунанд, ки сармоягузориҳо ҳам барои тиҷорат ва ҳам барои иқтисод дар маҷмӯъ омили калидии рушд маҳсуб меёбанд. Дар қонунгузории Тоҷикистон сармоягузорӣ ба сифати маблағгузорӣ ба дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ шарҳ дода мешаванд. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ (сармоягузории асосӣ), ки асоси ҳама гуна иқтисоданд, аҳаммияти бештар доранд.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ сармоягузорӣ ба сохтмон, таъмиру навсозии бино ва иншоот, рушди зесрсохтор, таҷҳизот, технология ва ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ)-ро дар бар мегирад.  

Бино ба маълумоти расмӣ, соли 2025 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ зиёда аз 28,7 млрд сомонӣ (ҳудуди 3 млрд доллар)-ро ташкил додааст, ки 23% зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Сарфи назар аз афзоиши сармоягузории асосӣ, Тоҷикистон аз рӯйи ин нишондиҳанда то ҳол аз кишварҳои ҳамсоя қафо мемонад, ки аз имконоти зиёд барои боло бурдани сатҳи сармоягузорӣ гувоҳӣ медиҳад.

Коршиносони масоили иқтисодӣ муҳим будани ҳиссаи сармоягузории асосиро дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ҳамчун нишондиҳандаи барномаҳои бузургмиқёси сармоягузорӣ таъкид месозанд.

Дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда 15,8%-ро ташкил дода, мавқеи миёнаи кишварро дар байни кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад. Аммо аз рӯйи ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба ҳар сари аҳолӣ Тоҷикистон аз ҳамаи кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас поинтар аст.

Қариб нисфи сармоягузориҳои асосӣ (46,2% дар соли 2025) аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, ки аз рушди нокофии бахши хусусӣ ва нақши начандон зиёди сармоягузориҳои хусусӣ гувоҳӣ медиҳад. Таассуфовар аст, ки ҳиссаи маблағҳои давлатӣ дар сармоягузориҳо меафзояд – аз 39,9% дар соли 2023 то 43,6% дар соли 2024. Ҳиссаи сармоягузориҳои хусусӣ ҳудуди 40% ва сармоягузориҳои хориҷӣ – ҳамагӣ 14,3%-ро ташкил медиҳад. Ин барои иқтисоди дар ҳоли рушд қарордошта нокофист, зеро дар он ҷалби маблағҳо аз хориҷа барои суръатбахшӣ ба афзоиш ва ҷорисозии технологияҳои нав пешбинӣ мешавад.

Ба ин тариқ, сарфи назар аз афзоиши сармоягузориҳои асосӣ, барои суръатбахшӣ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон баланд бардоштани сармоягузориҳои хусусӣ ва хориҷӣ зарур аст. Маблағгузории давлатӣ, бешубҳа муҳим аст, лекин ҳаҷм ва самтҳои он бояд асоснок карда шаванд. Дар иқтисоди бозаргонӣ онҳо набояд барои ивази механизмҳои бозорӣ, балки барои рафъи ноқисиҳо дар бозор, ҳавасмандсозии иқтисод ва ҳалли мушкилоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим хидмат кунанд.

Чаро аҳолӣ сармоягузорӣ намекунад?

Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи аҳолӣ дар сармоягузориии асосии Тоҷикистон аз 5% зиёд нест, ки аз ҷалби нокофии шаҳрвандон ба рушди иқтисод гувоҳӣ медиҳад ва имконотро барои беҳбуди сифати ҳаёти аҳолӣ маҳдуд месозад. Ин ояндаи рушди устуворро дар дурнамои дарозмуҳлат душвор менамояд.

Шахсони пурсидашуда аз ҷониби “Азия-Плюс” сабаби асосии тваваҷҷуҳи кам ба сармоягузориро ба “хавфи баланди талаф додан” (53%) нисбат доданд. Ҳамчунин омилҳое чун “номуайянии молиявӣ ва иқтисодӣ” (17%), “нокофӣ будани донишу таҷриба”, “даромаднокии паст аз самоягузорӣ” ва “норасоии маблағ (ҳар кадоме 9-10%) зикр шуданд.

Натиҷаҳои назарпурсӣ нишон медиҳанд, ки барои беҳбуди таваҷҷуҳ ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳалли якчанд мушкил, аз ҷумла беҳбуди саводнокии молиявӣ, рушди бозори сармоя ва коғазҳои қиматнок, инчунин муҳайё сохтани муҳити бештар устувор ва шаффофи иқтисодӣ зарур аст.

Бунёди муҳити кории устувор ва пешгӯишаванда, инчунин коҳиши ҳиссаи иқтисоди ғайрирасмӣ ё худ паси парда, ки тибқи арзёбии ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ҳудуди 40% аз тамоми иқтисодро ташкил медиҳад, низ хеле муҳим аст. Дар натиҷа ҳаҷми назарраси маблағҳо, аз ҷумла барои сармоягузориҳо дар муҳити ғайрирасмӣ сурат мегиранд, ки ба рушди иқтисод ва устувории буҷет монеъа эҷод мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, сармоягузорони хориҷӣ, ки дар бозори Тоҷикистон машғули коранд, ба як қатор мушкилоти зерин дучор мешаванд:

– Бесуботӣ дар қонунгузорӣ: тез-тез тағйирот дар қонунгузории андоз ва сармоягузорӣ номуайяниро ба вуҷуд оварда, хавфҳоро зиёд мекунанд.

– Зерсохтори заъиф: рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ нокофӣ аст, ки логистикаро душвор сохта, хароҷоти амалиётиро баланд мекунад.

– Ношаффоф будани бозор: мавҷуд набудани маълуфоти кофӣ дар бораи ширкатҳову бозорҳо баргузории due diligence ва арзёбии хавфҳоро душвор месозад.

– Расмиятчигӣ (бюрократия): расмиёти душвор ва тӯлонии маъмурӣ дарёфти иҷозатномаҳои заруриро душвор месозанд.

– Хавфҳои ҳуқуқӣ: ҳифзи нокофии ҳуқуқ ба моликият ва расмиёти душвори ҳаллу фасли баҳсҳо хавфҳоро зиёд мекунанд.

– Бесуботии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ: хавфҳои эҳтимолии сиёсӣ ва иҷтимоӣ бо шумули мухолифатҳои корӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ метавонанд ба тиҷорат таъсири манфӣ расонанд.

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест

Таҳлилгари масоили молиявӣ Аббос Назаралиев мегӯяд, бозори сармоягузории Тоҷикистон хусусиятҳои худро дорад. Сармоягузорони асосӣ давлат ва сармоягузорони маҳаллии ниҳодӣ (бонк, корпоратияҳои бузург, фондҳо, ширкатҳои суғурта ва ғайра) мебошанд.

“Мо се категорияи сармоягузорон дорем: давлат, сармоягузорони хориҷӣ ва маҳаллии ниҳодӣ-сармоягузорони инфиродӣ (бо шумули корпоратсияҳо) дорем. Объектҳои сармоягузорӣ дар кишвар асосан дар сохтмон, инчунин қисман дар саноат ва истихроҷи канданиҳои фоиданок мутамарказ шудаанд”, – шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ба ҷуз сохтмони манзилу биноҳои тиҷоратӣ дар лоиҳаҳои зерсохторӣ иштирок намекунанд ва давлат маҷбур аст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ ба ин кор машғул шавад.

“Сабабҳо барои ин метавонанд зиёд бошанд, аз ҷумла хавфи баланди сармоягузорӣ ба дигар соҳаҳо, мавҷуд набудани воситаҳои рушдёфтаи бозори коғазҳои қиматнок, яъне бозори коғазҳои қиматноки аввалия ва дуюм, ки сармоягузорони миллии ниҳодӣ ва аҳолӣ метавонистанд амонатҳи худро бехатар гузоранд.

“Дар дигар кишварҳо ширкатҳои хусусӣ бар асоси шарикии давлатӣ-хусусӣ (ШДХ) масалан, иншооти бузурги саноатӣ ва зерсохторӣ сохта, онҳоро идора ва тибқи таърифаҳо (тарифҳо)-и муқарраршуда даромад мегиранд. Дар ин ҳолатҳо давлат ду чизро таъмин мекунад: кафолати таърифаҳои муайян ва ҳамкории устувор дар доираи ШДХ”, – гуфт ӯ.

Мутахассис  мегӯяд, аҳолии маҳаллӣ даромади кофӣ надорад, ки қисимате аз маблағҳоро ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ кунад ва маблағҳои имконпазир барои ин кор дар суратҳисобҳои пасандозӣ дар бонкҳо ва амонатҳои таъҷилӣ гузошта шудааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), то 1 январи соли 2026 ҳаҷми умумии пасандозҳо 33,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 3,6 млрд доллар)-ро ташкил дод, ки 32,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2026 аст. Меъёри миёнавазни пасандозҳои таъҷилӣ бо асъорӣ миллӣ 12,05%-и солонаро ташкил дод. Бонкҳо таври маълум қисмати бештари ин пулҳоро барои қарз ба тиҷорат равона мекунанд. Меъёри миёнавазни фоизии қарзҳо дар соли 2025 бо асъори миллӣ 22,6%-ро ташкил дод.

Мутахассис бар ин назар аст, ки ин пулҳоро имкон дошт қисман ба маблағгузорӣ ба тиҷорати хурду миёна бидуни миёнаравии бонкҳо равона кард.

Ба ин тариқ, аҳолӣ метавонист маржа (фарқият байни меъёри пасандоз ва қарз) гирад, ки ҳозир бонкҳо мегиранд. Лекин мутаассифона, воситаҳои бозори маҳаллии сармоягузорӣ хеле маҳдуданд.

Ҳамчунин ӯ сабабҳои сармоягузорӣ накардан ва дар бонк нигоҳ доштани пулҳои худро ба саводнокии нокофии молиявӣ ва огаҳии аҳолӣ рабт дод.

“Ба сурати умум, бозори сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳатто бе назардошти ширкатҳои бузург ва гардиши байнулмилалӣ назаррас аст. Аммо ширкатҳои маҳаллӣ шояд доир ба имконоти бозори маҳаллии сармоя фаҳмиш ва маълумоти кофӣ надоранд” – гуфт ӯ.

Тавсияҳо

Барои рафъи монеъаҳои мавҷуда, ки ба аҳолии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар фаъолияти сармоягузорӣ халал мерасонанд, “Азия-Плюс” бар асоси пешниҳодҳои коршиносони мустақил тавсияҳо омода кард.

Коҳиши хавфҳои сармоягузорӣ

Бунёди механизмҳои суғуртаи сармоягузорӣ: давлат ё ниҳодҳои молиявӣ метавонанд барномаҳои саҳмгузорӣ ва сармоягузорӣ, ки ба кам кардани хавфҳо оид ба талаф додани амонатҳо кумак мекунанд, пешниҳод намоянд.

Шаффофият ва ҳифзи сармоягузорон: афзоиши шаффофияти амалиёти молиявӣ ва бунёди механизмҳои қатъии танзим ва ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузорон метавонанд эътимод ба воситаҳои сармоягузориро зиёд кунанд.

Бунёд ва таҳкими механизми ҳифзи сармоягузорӣ аз хавфҳои сиёсӣ ва дигар хавфҳо.

Беҳбуди саводнокии молиявӣ

Баргузории барномаҳои таълимӣ: курсҳо, семинару тренинг барои аҳолӣ оид ба асосҳои саводнокии молиявӣ, сармоягузорӣ ва идоракунии хавфҳо дар мавриди ба одамон фаҳмонидани ёрии сармоягузорӣ ба ва ба ҳадди поин овардани хавфҳо.

Таҳия ва паҳнкунии маводи таълимӣ: таҳияи маводи дастрас ва фаҳмо (дарсҳои видеоӣ, инфографика) дар бораи бартарият ва навъҳои гуногуни хавфҳо.

Ба субот овардани муҳити иқтисодӣ

Рушди сиёсати устувори иқтисодӣ: давлат бояд ба бунёди муҳити устувори макроиқтисодӣ, ки ба аҳолӣ эҳсоси бовар ба худ дар оянда ва коҳиши ҳарос аз номуайянии иқтисодиро диҳад, кӯшиш кунад.

Ҳавасмандсозии сармоягузориҳои дарозмуҳлат: фароҳам овардани шароит барои сармоягузориҳои устувор ва ҷолиби дарозмуҳлат, аз ҷумла маблағгузорӣ ба зерсохтор ё вомбаргҳо (облигатсияҳо)-и давлатӣ.

Баланд бардоштани эътимод ба ниҳодҳои молиявӣ

Рушди ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен): таъсиси ниҳоди мустақили ҳаллу фасли баҳсҳо миёни сармоягузорон ва ниҳодҳои молиявӣ.

Аудитҳои мунтазам ва нашри ҳисобот: таъмини назорати доимӣ ва шаффофияти кори ташкилотҳои молиявӣ, ки метавонад эътимоди аҳолиро зиёд кунад.

Баланд бардоштани даромаднокии сармоягузорӣ

Кумакпулӣ ва имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон: пешниҳоди кумакпулӣ ва имтиёзҳои андозӣ метавонанд сармооягузориҳоро бештар ҷолиб гардонида, даромаднокии пастро ҷуброн созанд.

Рушди маҳсулоти нави сармоягузориҳо: давлат ва ширкатҳои хусусӣ метавонанд маҳсулоти нави бештар даромаднок ва боэътимод пешниҳод намоянд.

Афзоиши дастрасӣ ба сармоя

Рушди маблағгузории хурд ва краудфандинг (маблағгузорӣ аз ҷониби одамони зиёд): дастгирӣ ва рушди ниҳодҳои маблағгузории хурд ва платформаҳои краудфандинг, ки барои одамон дастрасӣ ба сармоя барои маблағгузориро пешниҳод карда метавонанд.

Таъсиси фондҳои махсуси сармоягузорӣ: давлат метавонад фондҳоеро таъсис диҳад, ки дар лоиҳаҳои сармоягузории шаҳрвандон шарик шуда, сарборӣ ва хавфҳои онро камтар кунад.

Рушди бозори коғазҳои қиматнок

Ба сармоягузорони бузурги ниҳодӣ пешниҳод намудани имкони афзоиши андоза ва ҳаҷми сармоягузориҳо дар сохтори сармояи ширкатҳои маҳаллӣ, ки дар Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ (CASE) саҳм (листинг) доранд.

Бо қонунгзорӣ ворид намудани мафҳумҳое чун сармоягузориҳои венчурӣ, сармоягузорони венчурӣ, асноди пайваст (опсионҳо, форвардҳо, фючерсҳо ва ғайра) ва фонди сармоягузориҳои хусусӣ зарур аст.

Бунёди шохис (индекс)-и ягона, ки ба он саҳмияҳои ширктаҳои бузург ва миёна дохил мешаванд.

Пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба даромад (дивидендҳо)-и сармоягузорон, ки тариқи CASE коғазҳои қиматнок мегиранд.

Коммуникатсия ва дастгирии иттилоотӣ

Маъракаҳои расонаӣ оид ба пешбурди сармоягузориҳо: баргузории маъракаҳои оммавии иттилоотӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи имконот ва афзалиятҳои сармоягузорӣ равона шудаанд.

Хидматрасониҳои машваратӣ: ташкили марказҳои ройгони машваратӣ, ки дар онҳо шаҳрвандон метавонанд дар интихоби маҳсулоти сармоягузорӣ ва фаҳмиши хавфҳои марбут ба он кумак гиранд.

Коршиносон ба чунин хулоса мерасанд, ки тадбирҳои мазкур ба рафъи монеъаҳои асосӣ ва ҳавасмандсозии одамони зиёд дар фаъолияти сармоягузорӣ кумак карда, он дар навбати худ, ба рушди иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Чӣ гуна сармоягузориҳо метавонанд зиндагиро тағйир диҳанд?

Сармоягузорӣ на танҳо тарзи таҳкими иқтисод, балки кумак ба ҳар нафар ҷиҳати беҳтар намудани вазъияи молиявӣ аст. Ҳатто агар бозорҳои молиявӣ ноустувор бошанд ҳам, барои андеша кардан доир ба сармоягузорӣ сабабҳои зиёд мавҷуданд. Акнун мебинем, ки онҳо чӣ гуна метавонанд зиндагиро тағйир диҳанд.

1. Афзоиши сармоя ва даромади ғайрифаъол

Сармоягузориҳо ба афзоиши амонатҳои шахс ёрӣ мерасонанд. Масалан, агар хона харед ё ба ширкат маблағгузорӣ кунед, метавонед аз иҷора ё болоравии нархи иншоот даромад гиред. Масалан, агар дар Тоҷикистон хона харида, онро ба иҷора диҳед, метавонед ҳар моҳ даромади устувор ба даст оред.

2. Ҳифз аз таваррум

Таваррум ҷараёнест, ки дар он пул бар асари болоравии арзиши мол ва хидматрасониҳо беқурб мешавад. Агар пулҳо дар суратҳисоби бонк нигоҳ дошта шаванд, бо гузашти вақт қобилияти харидории онҳо паст мешавад Бо сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул ва зерсохтор шумо пулҳои худро аз таваррум ҳифз мекунед, зеро нархи чунин лоиҳаҳо боло меравад.

3. Саҳмгузорӣ ба рушди иқтисод

Бо сармоягузорӣ одамон ба рушди иқтисоди кишвари худ ёрӣ мерасонанд. Масалан, маблағгузорӣ ба сохтмони роҳу пулҳо ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳбуди зерсохтор мусоидат менамояд. Барои ин ба ширкатҳои сохтмон ва лоиҳаҳои давлатии машғул ба ин кор маблағгузорӣ кардан лозим аст. Ин на танҳо даромад меорад, балки сифати ҳаётро барои ҳама беҳтар месозад.

4. Баланд бардоштани саводнокии молиявӣ

Ҷараёни сармоягузорӣ ба бештар фаҳмидани чӣ гуна кор кардани иқтисод ва бозорҳои молиявӣ кумак мекунад. Одамон ба омӯзиши арзёбии хавфҳо ва идоракунии пулҳои худ оғоз мекунанд, ки ба онҳо ҷиҳати беҳбуди вазъи молиявӣ имконоти нав боз мекунад.

Чӣ гуна метавон ба сармояи асосӣ маблағгузорӣ кард

1. Сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул

Яке аз тарзҳои аз ҳама дастраси сармоягузорӣ харидани амволи ғайриманқул аст. Дар Токистон бисёр одамон хона мехаранд, то ки онро ба иҷора диҳанд ё бо фоида фурӯшанд. Масалан, метавон дар Душанбе хона харида, онро ба иҷора дод ва ҳар моҳ даромади устувор гирифт.

2. Иштирок дар лоиҳаҳои зерсохтор

Шумо метавонед дар лоиҳаҳои сохтмони роҳу пул ё нерӯгоҳҳои барқӣ иштирок кунед. Ин гуна лоиҳаҳо маъмулан дарозмуҳлатанд, лекин фоидаи доимӣ меоранд.

3. Сармоягузорӣ ба ширкатҳои технологӣ ва стартапҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон ширкатҳои зиёди технологӣ дар ҳоли рушд мебошанд. Маблағгузорӣ ба чунин стартапҳо метавонад даромади зиёд орад, лекин хафв ҳам ҳаст. Масалан, метавон ба ширкате сармоягузорӣ кард, ки технологияҳои нав таҳия мекунад ва як қисмате аз рушди он шуд.

4. Сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ

Агар шумо хавфҳоро ба ҳадди поинтарин оварданӣ бошед, метавон ба саҳмияҳои ширкатҳое, ки ба зерсохтор сармоягузорӣ мекунанд, маблағгузорӣ намуд. Масалан, саҳмияҳои ширкати сохтмонро харид, ки ба лоиҳаҳои муҳим дар кишвар машғул аст.

5. Маблағгузории хурд ва краудфандинг

Агар шумо аз маблағҳои начандон зиёд оғоз карданӣ бошед, метавон тариқи платформаҳои краудфандинг ё ташкилоти хурди молиявӣ сармоягузорӣ кард. Ин барои дастгирии стартапҳо ва тиҷорати хурд кумак мекунад. Масалан, метавон ба лоиҳа ё тиҷорати маҳаллӣ сармоягузорӣ кард ва аз фоидаи он ҳиссаи худро гирифт.

Чӣ гуна метавон хавфҳоро коҳиш дод ва эътимод ба сармоягузориро баланд кард?

Бисёриҳо аз сармоягузорӣ кардан метарсанд, зеро намехоҳанд, ки пулҳояшонро аз даст диҳанд. Лекин воситаҳое ҳастанд, ки метавонанд ин хавфҳоро кам кунанд.

1. Суғуртаи сармоягузориҳо. Барномаҳои ҳифз ба нигаҳдории воситаҳои маблағгузоришуда ёрӣ мерасонанд.

2. Шаффофият ва танзим. Қонунҳое, ки сармоягузоронро ҳифз мекунанд ва амалиёти моолиявиро шаффофу кушода месозанд, ба одамон ҷиҳати бовар кардан ба бозор кумак мекунанд.

3. Таълим ва машварат. Давраҳои омӯзишӣ ва машварат бо коршиносон ба одамон ҷиҳати беҳтар фаҳмидани сармоягузории дуруст ва ба ҳадди поинтарин овардани хавфҳо ёрӣ мерасонанд.

Хулоса

Барои бештар дастрас ва бехавф будани сармоягузориҳо фароҳам овардани шароити ҳифзи онҳо, беҳбуди дастрасӣ ба иттилоот ва рушди воситаҳори молиявӣ зарур аст. Ин ба одамон ҷиҳати сармоягузорӣ ва беҳтар намудани вазъи молиявӣ, инчунин қавитар сохтани иқтисоди Тоҷикистон кумак мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.