Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

 

– Имрӯз соати 15:00 дар боғи “Ирам” ҷашнвораи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Наврӯз — мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ” баргузор мешавад. Дар барнома баромадҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таомҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар пешбинӣ шудааст.

– Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва соати 17:00 дар боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, Фирдавсӣ ва "Кӯли ҷавонон" чорабиниҳои наврӯзӣ баргузор мешаванд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1934 — шумораи нахустини рӯзномаи "Коргари Ходжант" (баъдтар "Ленинабадская правда", ҳоло "Ҳақиқати суғд") аз чоп баромад.

Соли 1989 – Аввалин озмуни ҷумҳуриявии “Маликаи Наврӯз” баргузор гардид.

Соли 2002 – Раиси Кумитаи ҳифзи сулҳ Валентина Терешкова ба Президенти Тоҷикистон ҷоизаи байналмилалии ба номи "Пётри бзург"-ро супорид.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон бори аввал Фестивали фарҳанг ва сайёҳӣ дар доираи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1900 – Мавлуди Ҳасан Ирфон, тарҷумон ва нависандаи тоҷик.

Соли 1904 – Зодрӯзи Муҳиддин Аминзода, шоир ва тарҷумони тоҷик.

Муҳиддин Аминзода бо шеърҳои ватанпарастона, ҳаҷвияҳои тезу тунд ва тарҷумаҳои устодонааш шинохта мешавад. Ӯ на танҳо шоири боистеъдод, балки тарҷумон, драматург ва мураббии наслҳои ояндаи адабиёти тоҷик буд.

Зиндагии эҷодии Муҳиддин Аминзода асосан бо шаҳри Хуҷанд пайванд дошт. Ӯ солҳои тӯлонӣ роҳбари адабии Театри драмаи мусиқии Хуҷанд буд ва дар омӯзишгоҳи мусиқӣ низ дарс мегуфт.  

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз ҷумла “Шеърҳо”, “Чаман”, “Баҳори Ватан” ва “Баҳори дил” аз намунаҳои беҳтарини назми шӯравии тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Дар шеърҳои ҳаҷвии ӯ монанди “Моҷарои валенк” ва “Асп ва генерал” тарсуӣ ва ҷаҳолати фашистон ба таври шадид интиқод мешавад.

Соли 1927 – Мавлуди Абдумалик Баҳорӣ, нависанда, шоир ва драматурги тоҷик.

Абдумалик Баҳорӣ яке аз адибони маъруфи тоҷик буд, ки дар рушди адабиёти муосири тоҷик нақши муҳим гузоштааст. Ӯ фаъолияти адабиро бо шеър оғоз намуда, сипас ба наср, драматургия ва тарҷума рӯ овард.

Ӯ аввалин нависандаи тоҷик аст, ки насри фантастикиро бунёд гузошт. Маҷмӯаи “Ҷуръати доктор Мансур” аз аввалин асарҳои фантастикии ӯст, ки масъалаҳои илму техника ва ояндаи инсониятро ба тасвир мекашад.

Қиссаҳои сегонаи ӯ – “Занбӯри айнакдор”, “Аҷоиботи Нодар” ва “Бозгашт” аз асарҳои намоёни фантастикӣ ба шумор мераванд. Песаҳои машҳури ӯ, аз қабили “Фармони Кадушоҳ”, “Корвон равон аст” ва “Сирри пурасрор” бо мазмуни амиқ ва танқиди ҳаҷвии иҷтимоӣ маъруфанд.

Дар қиссаҳои воқеии худ, ба мисли “Қаймоқи гирди коса” ва “Дили гумҷӯ” муаммоҳои иҷтимоӣ, муҳаббат ва арзишҳои инсонро бо забони равон ва равшан ба тасвир кашидааст.

Абдумалик Баҳорӣ барои кӯдакон низ осори зиёде эҷод кардааст. Повестҳо ва ҳикояҳои ӯ, ба монанди “Ошноҳо” ва “Себи тило” бо забони сода ва мавзӯъҳои ҷолиб ба дили хонандагони хурдсол роҳ ёфтаанд.

Соли 1943 – Зодрӯзи Мунира Шаҳидӣ, олими шарқшинос, санъатшиноси тоҷик.

 

Мунира Шаҳидӣ олими шарқшинос, санъатшинос, тарҷумони тоҷик буда, дар хонаводаи Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози маъруфи тоҷик ба дунё омадааст.

Ӯ бахши англисии факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии педагогии Киевро хатм карда, дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. 

Мунира Шаҳидӣ муассиси Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии Шаҳидӣ мебошад. Ба гуфтаи худи ӯ, ҳадафи таъсиси онҳо на фақат ҳифзи мероси эҷодии насли гузаштаи донишмандон ва аҳли ҳунар, ҳамчунин бунёди равобити фарҳангии кишварҳои Шарқу Ғарб дар замони навини равобити фарҳангӣ мебошад. 

Мунира Шаҳидӣ муаллифи беш аз 80 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла монографияи “Ибни Сино ва Данте” мебошад. Соли 2004–2005 ҳамчун эксперти ЮНЕСКО фаъолият карда, узви Маркази тадқиқоти инсоншиносии Фаронса ва Институти Шветсия буд.

Ӯ ахиран китобе бо унвони “Иртиботи байнифарҳангии Шарқу Ғарб дар асри XXI” интишор кард ва дар суҳбат бо “Азия-Плюс” пиромуни дарунмоя ва аҳаммияти ин китоб, рӯнамоии он дар Кембриҷу Берлин ва Бокув, таваҷҷуҳ ба санъату китоб дар Тоҷикистон гуфт.

Соли 1950- Зодрӯзи Муҳриддин Ашӯров, арбоби низомии тоҷик, генерал-лейтенант (1999), Қаҳрамони Русия (2000).

Соли 1961- Зодрӯзи Абдусалом Мирализода, собиқ директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ректори пешини Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

Соли 1962 – Мавлуди Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Шодихон Ҷамшед соли 1985 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси духтури табобатӣ ва соли 2015 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик М. Назаршоевро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Баъди чанд соли фаъолият дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ ва Беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии №3 дар шаҳри Душанбе, соли 2002 сардухтури Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ таъин шуд ва то соли 2008 дар ин маснад кор кард.

Баъди ин, як сол сардори Раёсати тандурустии ВМКБ буд ва баъд ба корҳои сиёсӣ машғул шуд. Аз соли 2009 то соли 2013  раиси ноҳияи Шуғнон ва аз 2013 то 2018 раиси ВМКБ буд.

Аз соли 2018 то кунун муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1966 – Зодрӯзи Юсуф Раҳмон, котиби Шурои амният, собиқ Додситони кулли кишвар.

Юсуф Раҳмон фаъолияти касбии худро соли 1991 ҳамчун муфаттиши Додситони ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе оғоз намуда, баъдан ба ҳайси муфаттиши калони ҳамин ниҳод кор кард. Аз соли 1993 ӯ ба Додситонии кулли Тоҷикистон ба кор гузашт ва ба тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим машғул буд.

Соли 1995 ба вазифаи додистони ҳарбии гарнизони Душанбе таъйин шуда, баъдан муовини сардори Раёсати тафтишоти Додситони ҳарбии Тоҷикистон гардид. Аз 1998 то 2002 ӯ додситони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе буд.

Соли 2004 ба мақоми муовини Додситони кул  – Додситони ҳарбии Тоҷикистон расид. Сипас, аз соли 2010 то 2012 Додситони вилояти Суғд ва аз 2012 то 2014 сардори Раёсати амнияти ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд.

Аз 14 декабри соли 2014 ӯ ба ҳайси муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон кор карда, 23 январи соли 2015 Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд ва то 4 феврали соли 2025 дар ин вазифа фаъолият кард. Ҳоло котиби Шурои амният мебошад.

Ӯ бо он маъруф аст, ки дар замони раҳбариаш Додситонии кулл яке аз пӯшидатарин ниҳодҳо байни муассисаҳои давлатӣ буд.

Соли 1979 – Зодрӯзи Матлубаи Ёрмирзо, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Соли 2021 – Абдушукури Абдусаттор, адабиётшинос, мунаққид ва шоири тоҷик дар 66-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 22 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об таҷлил мешавад. Ин иқдом бори аввал дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд (ЮНСЕД) дар соли 1992 дар Рио-де-Жанейро пешниҳод шуда буд.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии таксистҳо аст. 22 марти соли 1907 дар кӯчаҳои Лондон аввалин мошинҳо бо ҳисобкунак (таксометр) пайдо шуданд. Калимаи “такси” аз калимаи фаронсавии “taxe” (пардохт) ва калимаи юнонии “metron” (ченаки масофа) гирифта шудааст.

Соли 1874 дар ин рӯз аввалин бозии тенниси калон баргузор шуд. Бозии аввал дар клуби крикет ва бейсболи Стейтен Айленд (ИМА) доир гардид. Сарчашмаи теннис ба умқи таърих мерасад. Аз давраҳои қадим бозии шабеҳи он вуҷуд дошт: римиён ва юнониён бо дастон ё чӯб тӯбро мезаданд.

Соли 1895 дар Париж нахустин намоиши филми синамоӣ – “Баромади коргарон аз заводи Люмер” баргузор шуд. Аммо 28 декабри соли 1895 ҳамчун рӯзи кино эътироф мешавад. Дар он рӯз, дар қаҳвахонаи булвари Капюсинҳои Париж, Люмерҳо барои оммаи васеъ филми “Ворид шудани қатора ба истгоҳи Ла-Сиота”-ро намоиш доданд, ки ин манзара тамошобинонро аз тарс аз ҷой хезонд, зеро чунин менамуд, ки қатора ба сӯи онҳо ҳаракат мекунад.

Соли 1933 дар ин рӯз дар Дахау, наздикии Мюнхен, аввалин лагери консентратсионӣ дар Олмони фашистӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин лагер ҳамчун маҳалли озмоишии шиканҷа ва таҷрибаҳои ғайриинсонӣ истифода мешуд. Дар Дахау 250 ҳазор нафар маҳбус буданд, ки аз онҳо 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳи баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20 гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0+2º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 23-юми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.