ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва соати 17:00 дар боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, Фирдавсӣ, "Кӯли ҷавонон" ва “Ирам” чорабиниҳои наврӯзӣ баргузор мешаванд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2017 – Дар Маскав созишномаи мусолиматомез байни корхонаи “ТАЛКО” ва “РУСАЛ” ба имзо расид.
Соли 2006 – Нақби “Истиқлол” бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури вақти Эрон ифтитоҳ гардид.
Соли 2015 – Дар паҳлуи Қасри фарҳангии Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Соли 2018 – Ӯзбекистон сарҳади заминиро бо Тоҷикистон боз кард.
Соли 2021 – Дар Тоҷикистон маъракаи ваксинатсия бар зидди коронавирус оғоз ёфт. Аввалин шуда вазир ва муовини вазири тандурустӣ ва намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ваксина гирифтанд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1934 – Зодрӯзи Ҳамид Яқубов, доктори илмҳои химия, профессор.
Ҳомид Яқубовро ҳамчун асосгузори химияи координатсионӣ дар Тоҷикистон медонанд. Ӯ дар шаҳри Қаршӣ таваллуд шуда, 7 феврали соли 1989 дар Душанбе вафот кардааст.
Соли 1957 факултети химияи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм намуда, соли 1963 рисолаи номзадӣ ва соли 1982 рисолаи докториро ҳимоя кард. Ӯ аввалин мудири кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва роҳбари мактаби илмӣ дар соҳаи химияи координатсионӣ буд.
Ҳомид Яқубов беш аз 400 асари илмӣ навишта, 22 ихтироъ дорад.
Соли 1966 – Мавлуди Гавҳар Шарофзода, собиқ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, вакили парлумон (даъвати VI).
Гавҳар Шарофзода доктори илмҳои филология ва дотсент буда, дар соли 1990 баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон солҳои гуногун дар вазифаҳои омӯзгор, мудири шуъбаҳо ва муовини ректор фаъолият кардааст.
Аз соли 2010 то 2013 ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва аз соли 2013 то 2020 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар замони роҳбарии ӯ вазъи забони тоҷикӣ дар ҷомеа зиёд интиқод мешуд.
Соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва 5 сол ба ҳайси вакил кор кард.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 23 март Рӯзи ҷаҳонии метеорология ҷашн гирифта мешавад, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1961 инҷониб баргузор мегардад. Шиори ин рӯз “Обуҳаво, иқлим ва об дар давраи иттилоот” мебошад.
Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии метеорология баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи таъсири эҳтимолии тағйирёбии иқлим аст, зеро имрӯз тағйирёбии босуръати иқлим яке аз мушкилоти ҷиддии экологии ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Ин раванд на танҳо ба тағйири шароити обуҳаво ва баланд ё паст шудани ҳарорат, балки ба офатҳои табиие чун обхезӣ, хушксолӣ, тӯфон ва ғайра оварда мерасонад. Мувофиқи маълумоти оморӣ, ки дар даҳсолаи охир ҷамъоварӣ шудааст, беш аз 80% офатҳои табиӣ аз манбаи метеорологӣ ё гидрологӣ сарчашма мегиранд.
23 марти соли 2001 дар Уқёнуси Ором истгоҳи кайҳонии “Мир” ғарқ кунонида шуд.
Қисмати асосии истгоҳ 20 феврали соли 1986 ба мадори Замин бароварда шуд. Дар тӯли 10 сол ба он шаш модули дигар пайваст карда шуд. Дар маҷмӯъ, 139 нафар, аз ҷумла 62 шаҳрванди хориҷӣ аз 12 кишвари ҷаҳон дар ин истгоҳ фаъолият намуда, зиёда аз 23 ҳазор озмоишу таҳқиқоти илмӣ анҷом додаанд.
Аввалан, барои 5 сол пешбинӣ шуда буд, аммо истгоҳи “Мир” 15 сол дар кайҳон фаъолият кард. Бо истифода аз киштии боркаши “Прогресс”, ки ба истгоҳ пайваст шуда буд, он ба зери қабатҳои зичи атмосфера ворид гашта, дар як минтақаи махсуси Уқёнуси Ором ғарқ кунонида шуд.
Имрӯз рӯзи пайдоиши ибораи “OK” аст, ки 185 сола мешавад!
Бар асоси баъзе манбаъҳо, ин ибора аввалин бор ҳамчун ихтисораи ҳазломез аз калимаи нодурусти “all correct” дар рӯзномаи бостонии “Morning Post” пайдо шудааст.
23 марти соли 1891 бори аввал дар дарвозаи футбол тӯр истифода шуд. Ин бозии байни дастаҳои Шимол ва Ҷануби Англия буд.
Соли 1900 бостоншиносон дар ҷазираи Крит осори Лабиринти афсонавии Минотаврро кашф карданд. Ин кашфиёт яке аз тамаддунҳои қадимтарини то ба ҳол номаълум – тамаддуни минойиро ошкор намуд. Минойиҳо тиҷорати баҳриро фаъолона анҷом дода, бо Мисри Қадим муносибатҳои дӯстона доштанд ва дар роҳҳои асосии тиҷорати баҳрӣ ҷойгир буданд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан ва дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 8-10º сард, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20 гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0+2º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.



