Ду хабарнигори “Азия-Плюс” – Меҳрофарин Наҷибӣ ва Пайрав Чоршанбиев барандаи ҷойҳои аввали озмуни “Иқтисод ва саводи молиявӣ: забоне, ки ҳама мефаҳманд” шуданд ва Олга Тутубалина, сармуҳаррири расона барои ҷасорати рӯзноманигорӣ, ҷоизаи ба номи Бӯриниссо Бердиеваро ба даст овард.
Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик аз сӯи Эътилофи миллии занони рӯзноманигори Тоҷикистон бо сарпарастии “Фридом бонк”-и Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.
Меҳрофарин Наҷибӣ дар бахши “Беҳтарин маводи чандрасонаӣ” ва Пайрав Чоршанбиев дар бахши “Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ” сазовори ҷойҳои аввал ва ҳар кадом соҳиби ҷоизаи пулӣ шуданд.
Меҳрофарин Наҷибӣ, рӯзноманигори ҷавони “Азия-Плюс”, ки 25 сол дорад, беш аз 3 сол инҷониб ҳамчун хабарнигор дар расонаи “Азия-Плюс” фаъолият дорад. Ӯ аз соли 2019 дар риштаи рӯзноманигорӣ кор мекунад ва асосан бо оростани мусоҳиба худро чун рӯзноманигор муаррифӣ кардааст.

Пайрав Чоршанбиев рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” буда, 56-сола аст ва таҷрибаи кории қариб 20-сола дар “Азия-Плюс” дорад. Ӯ асосан хабарҳои марбут ба соҳаи иқтисодро пӯшиш дода, дар ин ришта мақолаҳои таҳлилӣ таҳия мекунад.

Олга Тутубалина яке аз журналистони шинохтаи русзабони Тоҷикистон аст, ки беш аз бисту панҷ сол инҷониб дар ин соҳа фаъолият мекунад. Ӯ дар навиштани маводҳои таҳлилӣ ва оростани мусоҳиба бо шахcиятҳои шинохта ҳунар дорад.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” 30 сол инҷониб дар фазои кишвар фаъолият мекунад. Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳия ва пешниҳод менамояд.
