Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад. Тибқи таҳлили дохилии ширкат, сатҳи шинохти тамға (Brand Awareness) ба 86,1% расидааст ва нишондиҳандаи “Top of Mind” 53,9%-ро ташкил медиҳад.
Ин маънои онро дорад, ки зиёда аз нисфи истифодабарандагон ҳангоми сухан дар бораи ҷустуҷӯи кор ё ҷойгир кардани ҷойҳои кории холӣ, пеш аз ҳама “Somon.tj”-ро ба хотир меоранд.
Афзоиши маъруфияти пойгоҳҳои онлайнӣ ба тағйир ёфтани рафтори корфармоён ва корҷӯён вобаста аст. Ширкатҳо ҳарчи бештар талош мекунанд, ки ҷойҳои кории холиро фавран ҷойгир кунанд, муҳлати ҷустуҷӯи кормандро кӯтоҳ карда, бо номзадҳо мустақим ҳамкорӣ кунанд. Корҷӯён низ, дар навбати худ, аз хизматрасониҳои рақамӣ ҳамчун роҳи асосии ҷустуҷӯи кор истифода мебаранд ва тавассути онлайн платформаҳо ба пешниҳодҳои нави корӣ зуд дастрасӣ пайдо мекунанд.
Дар ин замина, “Somon.tj” тадриҷан аз доираи як тахтаи маъмулии эълонҳо берун меравад. Ин пойгоҳ ба як навъ маркази таҳлилии бозори меҳнат табдил ёфта истодааст. Таҳлили маълумот вобаста ба динамикаи ҷойҳои кории холӣ, касбҳои серталаб ва талаботи корфармоён имкон медиҳад, ки тағйирот дар иқтисод қариб дар реҷаи вақти воқеӣ пайгирӣ карда шавад.
Коршиносони бозор бар он назаранд, ки рушди минбаъдаи каналҳои онлайнӣ шаффофияти бозори меҳнатро боз ҳам бештар мекунад. Ин ба ширкатҳо имкон медиҳад, ки ҷойҳои холиро зудтар пур кунад ва ба корҷӯён барои пайдо кардани имкониятҳои мувофиқи кор мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, пойгоҳҳои рақамӣ ба қисми муҳими инфрасохтори бозори меҳнати муосир табдил меёбанд ва “Somon.tj” дар Тоҷикистон ба яке аз нуқтаҳои асосии он мубаддал шудааст.
