Ҳамла ба як пажуҳишгоҳи тиббӣ ва як пули мошингузар дар Эрон, вокуниши Ҷумҳурии Исломӣ, барканории ду мансабдори баландпояи Амрико ва идомаи ҳамлаҳои тарафҳо ба минтақаҳои якдигар, аз муҳимтарин ҳаводиси шабонарӯзи гузашта дар ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна буданд.
Муҳимтарин ҳаводиси Ховари Миёнаро дар ин матлаби мо хонед.
Ҳамла ба Пажӯҳишгоҳи Постур ва нигаронии СҶТ
Расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, ки шабонарӯзи гузашта садои таркиш дар Теҳрон, Бандар Аббос, Бушеҳр, Шероз, Табрез, Қум ва чанд шаҳристони дигари Эрон шунида шудааст.
Аз ҷумла, рӯзи 2-юми апрел Амрикову Исроил ду маротиба ба пуле, ки шаҳри Караҷро бо Теҳрон пайваст мекарду дар ҳоли истифода додан буд, ҳамла кардаанд. Ҳамлаи дуюм дар ҳоле сурат гирифтааст, ки наҷотдиҳандагон ба захмиёни ҳамлаи якум кумак мекарданд. Дар пайи ин, ҳодиса миёни ғайринизомиён 8 тан кушта шуда, 95 тани дигар захмӣ шудааст.

Акс аз ИРНА
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар посух ба ҳамла ба пули Караҷ дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, “ҳадаф қарор додани марказҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла, пулҳои нимакора, ҳаргиз эрониёнро ба таслим водор нахоҳад кард”.
Қаблан Ҷумҳурии Исломӣ ҳушдор дода буд, ки дар сурати ҳамлаи Амрикову Исроил ба зерсохтҳои ҳаётии Эрон, нерӯҳои ин кишвар посухи ҳамсон медиҳанд.
Рӯзи гузашта, 2-юми апрел, ҳамчунин, ба Пажӯҳишгоҳи беҳдоштии Постур дар Теҳрон ҳамла шудааст. Исмоли Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо маҳкум карда, навиштааст, ки ин пажӯҳишгоҳ “қадимитарин ва муътабартарин маркази таҳқиқотӣ ва беҳдоштӣ дар Эрон ва кулли Ховари Миёна аст”.
Тедрос Адханом Гебрейюс, дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ (СҶБ) низ аз ҳамла ба ин пажӯҳишгоҳ интиқод карда гуфтааст, ду бахши ин марказ бо созмони мазкур ҳамкорӣ доштанд.
Созмони Ҳилоли аҳмари Эрон низ эълон кардааст, ки имрӯз, 3-юми апрел як анбори наҷотдиҳии ин созмон дар Бушеҳр мавриди ҳамла қарор гирифта, ду нақлиёти ин созмон осеб дидааст.
Ба иттилои ин созмон, рӯзи гузашта минтақаҳои ғайринизомӣ дар Теҳрон, Албурз, Хузистон, Луристон, Қазвин ва Бушеҳр мавриди ҳамла қарор гирифта буданд.
Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорон нисфирӯзии 3-юми апрел эълон кард, ки Беҳном Ризоӣ, муовини иттилооти нерӯи дарёии Сипоҳ кушта шудааст. Дар бораи замон ва макони кушта шудани ӯ ҷузъиёт дода нашудааст.

Ҳамлаҳо ба Тел-Авив ва Ҳайфо
Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил низ эълон кард, ки Эрон шабонарӯзи гузашта ба самти ин кишвар мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом додааст. Сипоҳи посдорон иттилоъ додааст, ки дар ин ҳамлаҳо ба марказҳои ҷойгиршавии нерӯҳо ва ширкатҳои саноатии низомӣ зарба задааст.
Дар ҳамлаҳои рӯзи 2-уми апрел нуқтаҳое дар шаҳрҳои Телавив, Ҳайфо ва чанди дигар ҳадаф қарор гирифта буданд.
Ҳарчанд, бинобар сонсури шадиди низомӣ дар Исроил дарёфти ҷузъиёти ин ҳамлаҳо дастрас нест, вале Вазорати тандурустии ин кишвар бомдоди 3-юми апрел хабар додааст, ки танҳо дар шабонарӯзи гузашта 148 нафар дар пайи ҳамлаҳои Эрону “Ҳизбуллоҳ”- маҷрӯҳ шудаанд.
Теъдоди умумии маҷрӯҳони исроилӣ аз оғози даргирӣ ба 6 ҳазору 594 нафар расидааст.

Акс аз Reuters
Дар зимн, Қароргоҳи маркази “Хотам-ул-анбиё” хабар додааст, ки як ҳавопаймои низомии “F-35” Амрикоро дар осмони Эрон сарнагун кардааст. Ба гуфтаи ин марказ, бо сабаби таркиш ҳангоми зарба ва суқут “эҳтимоли ин ки халабони он хориҷ шуда бошад, кам аст”.
Мақомоти Амрико дар ин маврид изҳори назар накардаанд, вале Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида дар вокуниш ба иттилои нерӯҳои Эрон, ки гуфта буданд, як ҳавопаймои низомиро дар ҷазираи Қашм сарнагун кардаанд, рад кардааст.
Ду ҳафта пеш низ, Эрон эълон карда буд, ки як ҳавопаймои “F-35”-ро ҳадаф гирифта буд, вале Амрико иддао карда буд, ки як ҷангандааш пас аз “анҷоми як маъмурият” ночор ба фуруди изтирорӣ дар яке аз кишварҳои Ховари Миёна шуда буд.
Таҳдид ва ҳамлаҳои лафзӣ идома дорад
Дар рӯзи 35-уми ҷанг дар Эрон ҳам Доналд Трамп “фаъол” буд ва ба таҳдидҳои худ идома дод. Аз ҷумла, ӯ бо такрори дубораи таҳдидҳояш гуфтааст, дар навбати баъдӣ ба пулҳо ва нерӯгоҳҳои барқии Эрон зарба мезанад.
Доналд Трамп дар саҳифаи худ дар “Truth Social” навишт, ки бо нобудии ин зерсохтҳо “Эронро ба асри санг” бармегардонад ва аз ҳокимони нави Ҷумҳурии Исломӣ хостааст, ки тангаи Ҳурмузро боз кунанд.
Аббос Ароқчӣ дар саҳифаи “Х”-и худ бо киноя ба ин гуфтаҳои Трамп навишт, “як тафовути чашмгир миёни асри ҳозир ва асри санг вуҷуд дорад: дар он замон ҳеҷ нафт ва газе дар Ховари Миёна истихроҷ намешуд. Оё раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва амрикоиҳое, ки ӯро ба қудрат расондаанд, мутмаин ҳастанд, ки мехоҳанд, ақрабакҳои соатро ба ақиб гардонанд?”.
Дар сояи ин ҷанг, рӯзи гузашта Рэнди Ҷорҷ, раиси Ситоди нерӯҳои заминии артиши Амрико ва Пэм Бонди, додситони кулли ин кишвар барканор шудаанд.

Акс аз REUTERS
Ҳамла ба “Amazon”. Вазъ дар Ховари Миёна
Бо ҳадаф гирифтани зерсохтҳои ҳаётии Эрон аз ҷониби Амрикову Исроил, посухи ҳамсони Ҷумҳурии Исломӣ бо зарба ба иншоотҳои ҳаётии марбут ба Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна идома дорад.
Сипоҳ посдорони Эрон мегӯяд, шаби гузашта дар мавҷи 91-уми амалиёти “Ваъдаи содиқ 4”, ки дар посух ба ҳамлаҳои Амрикову Исроил идома дорад, нови ҳавопаймобари “Abraham Lincoln” ва ҷойи махфии ҷамъшавии муҳандисони парвоз ва халабонҳои амрикоиро “мавриди ҳамлаи дақиқ” қарор додааст.
Сипоҳ мегӯяд, дар як ҳамлаи интиқомҷӯёна ба ширкатҳои амрикоии фанновариҳои иттилоотӣ ва ҳушвора, аз ҷумла “Oracle” воқеъ дар шаҳри Дубайи Иморот ва “Amazon” воқеъ дар Баҳрайн зарба задааст. Дафтари расонаҳои шаҳри Дубай ҳамла ба ширкати “Oracle”-ро рад кардааст.
Ҳамчунин, нерӯҳои Эрон мегӯянд, рӯзи 2-юми апрел, ба як корхонаи саноатии фулоди вобаста ба Амрико дар Иморот, корхонаи алюминий дар Баҳрайн, пойгоҳи низомии “Ал-Азрақ”-и Урдун ҳамла кардааст. Ҷузъиёти ин ҳамлаҳо маълум нест.
Як полоишгоҳи нафт дар шаҳри Аҳмадии Кувайт субҳи 3-юми апрел мавриди ҳамла қарор гирифта, оташ гирифтааст. Гуфта мешавад дар пайи ин оташсӯзӣ касе осеб надидааст.
Арабистони Саудӣ рӯзи 3-юми апрел гуфт, давоми шабонарӯзи гузашта 5 паҳподро раҳгирӣ кардааст.

Акс аз Anadolu
Нерӯҳои ироқӣ низ ба пойгоҳи амрикоии “Виктория” дар Бағдод зарба зада, “Ансоруллоҳ”-и Яман ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон низ ба самти исроил мушакҳо партоб кардаанд.
Артиши Исроил иддао кардааст, ки дар ҳамлаи заминӣ бар ҷануби Лубнон 15 узви “Ҳизбуллоҳ”-ро куштааст.
Дар зимн, Утриш (Австрия) низ эълон кард, ки иҷоза намедиҳад, ҳавопаймоҳои амрикоӣ барои ҳамла ба Эрон аз ҳавои ин кишвар истифода баранд. Қаблан Испания, Италия ва Фаронса ба Амрико барои истифода аз ҳавои ин кишвар иҷоза надода буданд.
Ҳамзамон, раъйгирии қатъномаи пешниҳодии Баҳрайн дар бораи гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки қарор буд, имрӯз соати 11 ба вақти Ню-Йорк дар Шӯрои амнияти СММ баргузор шавад, аз рӯйхати барномаҳои ин шӯро барои 3-юми апрел гирифта шудааст. Далели он маълум нест.
Ин қатънома пешниҳод мекард, ки кишварҳои узви СММ ба истифода “аз тамоми воситаҳои дифоии лозим ва мувофиқ бо вазъият” барои таъмини амнияти убур дар тангаи Ҳурмуз ҳаддиақал шаш моҳ иҷоза пайдо мекарданд.


