“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Фарзона Муродӣ, asia+

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Ҳусейн Давлатзода, додситони вилояти Суғд дар як ҷаласа аз кирдори бархе зердастонаш нигаронӣ карда, гуфтааст, ки “дониши баъзе аз онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, даст ба амалҳои ношоиста мезананд”.

Ин нукта дар ҳоле садо медиҳад, ки ду моҳ пештар Абдуқаҳҳор Азизов, додситони пешини шаҳри Бӯстон дар тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр бо молики ин тарабхона муноқиша кард, ки дар охир боиси барканорӣ ва ихроҷаш аз сафи ин ниҳод шуд.

Додситони вилояти Суғд, рӯзи 7-уми апрел дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи ин ниҳод, бидуни овардани номи мушаххас ва ё ҳодисаи муайян гуфтааст, чунин кирдорҳо боиси норозигии аҳли ҷомеа шуда, ба обрӯйи мақомот бетаъсир намемонад.

“Баъзе аз кормандон ба марказҳои дилхушӣ ва дигар ҷойҳои фароғатӣ рафта, ба истеъмоли ҳар гуна нӯшокиҳо ва маводҳо машғул гардида, ҳатто дар баъзе мавридҳо оромии сокинонро халалдор мекунанд”, – гуфтааст додситон.

Давлатзода дар идома зикр кардааст, ки “тибқи талаботи Кодекси одоби касбии корманди мақомоти прокуратура, корманди мақомот чӣ дар рафти иҷрои вазифаи хидматӣ ва берун аз он, одоби баланд, маданияти хуби касбӣ ва дигар хислатҳои неки инсониро нишон дода, ба талаботи қонунгузорӣ эҳтиром бояд гузорад”.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, иттилоъ дода шудааст, ки дар се моҳи соли равон ин ниҳод 16 ҳазору 891 қонунвайронкуниро сабт кардааст.

Абдуқаҳҳор Азизов

Ҳодисаи ҷанҷоли Абдуқаҳҳор Азизов ва роҳбарияти тарабхонаи “Парламент” Парвиз Ашӯров дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, мавҷи вокунишҳои шадидро ба миён овард. Пас аз расонаӣ шудани ин моҷаро Абдуқаҳҳор Азизов аз вазифа сабукдӯш ва аз сафи мақомот ронда шуд. Ӯ писари собиқ муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аст.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Азизов барои риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ  “аз вазифа озод ва аз мақомот хориҷ карда шуд”.

Назари додситони пешин дар робита ба ин қазия дастраси расонаҳо нест. 

Ҷанҷоли мансабдорону наздикони онҳо дар марказҳои дилхушӣ ҳодисаи нав нест. Пас аз қазияи собиқ додситонӣ шаҳри Бӯстон, ҷанҷоли Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара дар яке аз тарабхонаҳо низ расонаӣ шуда буд. Пештар аз ин, Аваз Назарзода, додситони ҳамакнун пешини вилояти Хатлон, ҳам “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад” бо фармони раисҷумҳур аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шуд. Аммо дар бораи кирдори ӯ мушаххас чизе гуфта нашуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад