Музокироти сулҳ барои хотима додан ба ҷанг байни Эрон ва Амрико, ки дар Исломобод беш аз 20 соат идома кард, будини дастёбӣ ба созиш ба поён расид ва ҳайатҳои ҳарду кишвар Покистонро тарк карданд.
Ҷей Ди Вэнс, ноиби раисҷумҳури Амрико пас аз музокираи тӯлонӣ бо Эрон ба рӯзноманигорон эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон натавонистанд ба созише барои поён додан ба ҷанг даст ёбанд. Аз сӯйи дигар, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон изҳор дошт, ки касе ҳам интизор надошт, ки “дар як ҷаласа ба тавофуқ мерасем”.
Ҳадафи аслии гуфтугӯҳои Теҳрону Вашингтон, ки бо миёнҷигарии Покистон баргузор шуд, расидан ба созиш барои поён додан ба ҷанги Амрико алайҳи Эрон ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз буд.

Акс аз Ройтерз
“Мо бо эрониҳо музокироти ҷиддӣ, пурмазмун ва назаррасе доштем. Ин хабари хуш аст. Аммо хабари бад ин аст, ки мо ба созиш нарасидем ва ман фикр мекунам, ки ин барои Эрон нисбат ба Амрико бадтар аст”, – изҳор дошт Вэнс.
Ӯ ки раҳбари ҳайати музокиракунандаи Амрико дар музокироти сулҳи Исломобод бо Эронро бар уҳда дошт, гуфт, ки тарафҳо 21 соат гуфтугӯ кардаанд, вале “мо ба вазъияте нарасидем, ки эрониҳо омода бошанд шартҳои моро қабул кунанд”.
“Мо бо як пешниҳоди бисёр содда инҷоро тарк мекунем. Равише барои ҳамдигарфаҳмӣ, ки ин беҳтарин ва ниҳоитарин пешниҳоди мост. Мо хоҳем дид, ки оё эрониҳо онро қабул мекунанд, ё не”, – гуфт ноиби раисҷумҳури Амрико.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҳам ҳоло ва ҳам дар оянда, “ҳадафи асосӣ”-и Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст. Вэнс иддао кард, ки “барномаи ҳастаии Эрон аз байн рафтааст”, вале гуфт, “мо бояд як аҳди равшанеро бинем, ки Эрон ба дунболи ислоҳи ҳастаӣ ва ба дунболи воситаҳое, ки ба онҳо имкон медиҳанд, чунин силоҳро зуд ба даст оранд, набошанд”.
“Мо ҳанӯз чунин чизеро надидем, аммо умедворем, ки шоҳиди он бошем”, – илова кард ӯ.

Акс аз AFP
Эрон ҳамвора таъкид мекунад, ки ҳадафи барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва аз он даст нахоҳад кашид.
Вэнс гуфт, ки Амрико бо “нияти нек” ба музокира омада буд ва дар ҷараёни гуфтугӯҳо борҳо бо Трамп суҳбат кардааст. Трамп қаблан гуфта буд, ки натиҷаи музокироти ИМА ва Эрон дар Покистон барои ӯ аҳамият надорад.
Ноиби президенти ИМА изҳор дошт, ки дар бораи озодсозии дороиҳо Эрон ҳам, ки аз пешшартҳои ин кишвар барои музокира бо Амрико буд, суҳбат шудааст. Вале ҷузъиёти дигар ироа накард.
Вэнс дар мавриди гулугоҳи Ҳурмуз, ки аз аслитарин мавзуъҳои музокирот буд, чизе нагуфт. Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” аз қавли мақомоти эронӣ, ки аз музокирот огоҳ буданд, хабар додааст, ки Вашингтон аз Теҳрон талаб кардааст, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро фавран боз кунад, аммо ҳайати Эрон бидуни тавофуқи ниҳоӣ аз боз кардани он худдорӣ варзидааст.

Акс аз Getty Images
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки дар Исломобод қарор дошт, гуфт, ки дар мавриди бархе мавзуъҳо ба тафоҳум расидем, аммо бар сари 2-3 мавзуи муҳим дидгоҳҳо фосила дошт ва ниҳоятан гуфтугӯҳо боиси созиш нашуд.
“Ин музокирот пас аз 40 рӯзи ҷанги таҳмилӣ ва дар фазои бадгумонӣ ва шубҳа баргузор шуд. Табиӣ аст, ки аз оғоз ҳам набояд интизор медоштем, ки дар як ҷаласа ба созиш мерасем. Ҳеҷ кас ҳам чунин интизорӣ надошт”, – илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Бақоӣ, бархе мавзуъҳои нав ба монанди танаги Ҳурмуз дар музокирот ҳамроҳ шуд, ки ҳар кадоми он печидагии худро дорад. Ӯ изҳор дошт, ки “дипломатия ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад ва он воситаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ аст”.
Бақоӣ зикр кард, ки “ин даври музокирот тӯлонитарин даври гуфтугӯҳо дар як соли гузашта буд ва дар маҷмӯъ, 24 ё 25 соат давом кард”. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзуд, ки “тамосу ройзаниҳо байни Эрон, Покистон ва дӯстони дагарамон дар минтақа идома пайдо хоҳад кард”.

Акс аз раоснаҳои эронӣ
Дар ҳамин ҳол расонаҳои Эрон, аз ҷумла, хабаргузории давлатии “Садо ва симо” навишт ки “зиёдхоҳии ғайримантиқӣ”-и Амрикоро боиси шикасти музокироти поён додан ба ҷанг шуд.
Покистон изҳори умедворӣ кард, ки ки Амрико ва Эрон оташбасро риоя хоҳанд кард
Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷии Покистон, изҳори умедворӣ кард, ки ки Амрико ва Эрон оташбасро риоя хоҳанд кард. Ӯ гуфт, “мо минбаъд низ кӯшиш хоҳем кард, ки муносибатҳои хуб байни Амрико ва Эронро фароҳам созем”.
Ҳарчанд Эрон ва Амрико дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд, вале ҳайати гуфтугӯкунандаи ҳарду кишвар Исломободро бо қасди сафар ба кишварҳояон тарк кардаанд.
Расонаҳои шабаи гузашта навишта буданд, ки нишасти Исломобод ба таври мустақим ва сеҷониба – бо ширкати Эрон, Покистон ва Амрико сурат гирифтааст. Агар ин дуруст бошад, пас ин нахустин мулоқоти мустақим миёни Теҳрон ва Вашингтон дар беш аз як даҳаи охир ва болотрин сатҳи гуфтугӯҳои рӯ ба рӯ аз замони Инқилоб Исломии Эрон дар соли 1979 ба ҳисоб меравад.
Вашингтону Теҳрон пас аз 40 рӯзи ҷанг, ки бо таҷовузи Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуд ва бо ҳамлаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна идома ёфт, ба созиши оташбаси дуҳафтаӣ даст ёфтанд. Ин оташбас бо миёнҷигари Покистон ба даст омад ва қарор шуд, ки Эрон ва Амрико дар Исломобод бар сари хатми пурраи ҷанг ва бартараф кардани ихтилофҳои байнашон музокира кунанд. Ҳамин тариқ, музокирот шоми дирӯз оғоз шуд ва баъди беш аз 20 соат бидуни натиҷае ба поён расидю

Акс аз Reuters
Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз нафарони калидии ҳайати эронӣ ва Ҷей Ди Венс ҳамроҳ бо Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари миёна музокиракунандагони аслии амрикоӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Таҳлилгарон нақши Чинро низ дар эъломи оташбас муассир медонанд ва мегӯянд, ин талоши якҷояи Пекину Исломобод буд, ки аз забони Шаҳбоз Шариф баён шуд.
Ба ҳайати музокиракунандаи Эрону Амрико дар Исломобод киҳо дохил мешаванд ва чаро мҳз онҳо барои гуфтугӯ интихоб шуданд? Дар ин матлаби мо хонед: Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?


