Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиши мусиқавии ҳаҷвии “Аршин мололон” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет 33 сомонӣ буда, дар сомонаи echipta.tj дастрас аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2010 – Ҳукумати Тоҷикистон Хазинаи байналмилалии асъорро (ХБА) огоҳ намуд, ки таблиғоти расмии марбут ба сохтмони НБО “Роғун” қатъ карда шудааст.

Соли 2011 – Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисор, писари Бобоҷон Бобохонов, Додситони кулли пешинро оғоз кард. Ӯ ба ришвахорӣ ва фаъолиятҳои ғайриқонунӣ гумонбар буд.

Соли 2017 – Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид гардид, ки тибқи он ба мансабдорон барои пинҳон кардани маълумот дар бораи доштани шаҳрвандии кишвари дигар ҷарима муқаррар гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Мавлуди Шарифҷон Ҳусейнзода, адабиётшинос, мунаққид ва профессори тоҷик.

Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода яке аз чеҳраҳои таъсиргузори илми адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик аст. Ӯ дар мақолаҳояш, аз ҷумла “Дар бораи муҳимтарин масъалаҳои танқиди адабӣ” ва “Дар ҷустуҷӯи маҳорат” ба зарурати тафаккури амиқ ва тавъамии тафаккуру образ дар эҷодиёти бадеӣ таъкид кардааст.

Солҳои 1947-1948 директори Пахӯҳишгоҳи забон, адабиёт, таърих ва бостоншиносии бунёди тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, пас аз он то соли 1958 мудири бахши адабиёти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Ҳусейнзода яке аз поягузорони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ имрӯза) буда, баъди таъсиси он ба ҳайси  мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ба кор омад. Маҳз дар ҳамин даргоҳ ба ҳайси забондону суханшиноси мумтоз ва муаллими асили тоҷик эътибор пайдо кард.

Ӯ муаллифи рисолаҳои арзишманд дар бораи адибони классик, аз ҷумла “Сухансарои Панҷруд”, “Ҷалол Икромӣ” ва таҳиягари нашрҳои муҳими осори Навоӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Ибни Сино мебошад. Ҳусейнзода ҳамчунин дар таҳияи китобҳои дарсии адабиёт саҳми бузург гузоштааст.

Ӯ соли 1988 дар синни 81 солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1912 – Зодрӯзи Баҳодур Искандаров, олим, таърихшиноси тоҷик.

Ӯ соли 1936 Институти таърих, фалсафа ва забоншиносии Ленинградро хатм карда, то соли 1940 ба ҳайси муаллим дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолият кард.

Соли 1941 дар қатори ҳазорон нафар ба хизмати аскарӣ даъват шуда, то соли 1947 бо ширкат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати аскарӣ будааст.

Баъди бозгашт аз соли 1950 то соли 1962 корманди илмӣ ва аз соли 1962 директори Институти таърих буд.

Баҳодур Искадаров муаллифи қариб 100 асари илмӣ буда,  яке аз муаллифон ва муҳаррирони “Таърихи халқи тоҷик” аст.

Вай соли 2004 дар синни 92-солагӣ аз олам рахти сафар баст.

Соли 1935 – Мавлуди Ибодулло Файзуллоев, нависанда, рӯзноманигор.

Соли 1961 – Мавлуди Савригул Қурбонова, раққоса ва ҳунарпешаи синамои тоҷик.

Савригул Қурбонова, ки дар баробари ҳунарнамоӣ ба ҳайси раққоса ба ҳунарпешагӣ низ саҳм гирифтааст, хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода буда, фаъолиятро соли 1978 ба унвони раққосаи ансамбли “Зебо” оғоз бахшидааст.

Солҳои 1981-1985 раққосаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1985-2000 сарбалетмейстери ансамбли давлатии рақсии “Лола”, солҳои 2000-2003 роҳбари бадеии ансамбли “Сомон” будааст.

Савригул Қурбонова аз 15 солагӣ дар филмҳо нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои “Агар дӯст дорӣ…”, “Хоҷа Насриддин”, “Муҷассамаи ишқ”, “Худкуш”, “Бигзор ҳамаи ин хоб бошад” ва дар студияи “Ленфилм” чанд нақши марказиро бозидааст.

Соли 1969 – Зодрӯзи Муҳаммад Эгамзод, рӯзноманигор.

Соли 1972 – Мавлуди Бахтиёр Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон таҷлил мешавад. Ин рӯз ба нахустин парвози инсон ба фазо – Юрий Гагарин бахшида шудааст.

12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин, кайҳоннаварди шӯравӣ аввалин инсоне гардид, ки бо киштии кайҳонии “Восток-1” ба мадори Замин баромад. Ин парвоз танҳо 108 дақиқа давом кард, вале он барои тамоми башарият марҳилаи нави рушди илму техника ва умеди нави фатҳи кайҳонро оғоз бахшид.

Соли 1962 бо қарори Иттиҳоди Шӯравӣ 12 апрел расман ҳамчун Рӯзи кайҳоннавардон эълон шуд. Баъдан, дар соли 2011, Созмони Милали Муттаҳид 12 апрелро ҳамчун Рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон (International Day of Human Space Flight) эътироф кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 15+20º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 11+13º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 3+5º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 12 ба 13-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.