Ҳайидҷон Ҳусейнов панҷ сол пеш дар пайи як ҳодисаи нохуш ба аробачаи маъюбӣ такя зад. Аммо иродаи мустаҳкам ва орзуҳояш нагузоштанд, ки маъюбият сади роҳи ӯ шавад. Ҳоло ӯ барои рушди шахсии худ, сарфи назар аз имконот ва шароит, талош дорад.
Ҳайидҷон Ҳусейнов дар вилояти Суғд, дар намуди варзиши дастхобонӣ аз варзишгарони ҷавон ва шинохта аст, ки соли 2025 дар мусобиқаи минтақавӣ дар Дубай дар сафи ғолибон ҷой гирифтааст ва ҳадаф дорад, қаҳрамон шавад.
Хабарнигори “Азия-Плюс” аз зиндагии ин варзишгари ҷавон гузориш омода кард.






