Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти “Шоми дӯстӣ” баргузор мешавад. Меҳмони вижаи барнома Антуан Бернхайм, овозхони маъруфи фаронсавӣ аст, ки бо иҷрои асарҳои Мотсарт, Верди, Пуччини, Бизе, Донисетти ва дигар озангсозони машҳур шуҳрат дорад. Дар консерт ҳамчунин сарояндагони операи тоҷик ва меҳмонони хориҷӣ ширкат хоҳанд кард. Арзиши чипта 33 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 11:00 дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев шоу-намоиши “Орзуҳое, ки ҷаҳонро тағйир медиҳанд” (“Мечты меняющие мир”) намоиш дода мешавад. Он дар Тоҷикистон бори аввал ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши билет 80 сомонӣ аст.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2011 – Дар Душанбе Маркази миллии илмии пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои инсон расман ифтитоҳ ёфт, ки аввалин ва ягона дар Осиёи Марказӣ буд.

Соли 2012 – Парлумони кишвар лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи ҳукумат “Дар бораи моратория ба тафтишоти фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолот”-ро дастгирӣ кард.

Соли 2016 – Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон баргузории маросими “Занги камолот”-ро дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, новобаста аз шакли моликияташон, расман манъ кард.  Ин қарор ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, таъмини амнияти хонандагон ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ қабул шуд.

Соли 2020 – Иди Рамазон дар Тоҷикистон бидуни баргузории намози дастаҷамъии идона дар масоҷид баргузор шуд. Ин тасмим дар доираи тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси “COVID-19” гирифта шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1907 – Зодрӯзи Саймуддин Бурҳонов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1915 – Мавлуди Раъно Ғолибова, сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.

Соли 1946 – Зодрӯзи Матлуба Азимова, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Соли 1967 – Мавлуди Шералӣ Мирзо, вазири пешини мудофиаи Тоҷикистон ва ҳоло сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон

Шералӣ Мирзо 12 сол вазири дифои Тоҷикистон буд ва моҳи январи соли ҷорӣ ба вазифа сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ таъин шуд.

Дар давраи роҳбарии Шералӣ Мирзо як қатор мушкилиҳо дар соҳаи мудофиаи кишвар расонаӣ шуданд. Аз ҷумла, “сарбозшикор” ё ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба артиш, вуҷуди “дедовшина” дар кисмҳои ҳарбии кишвар аз масъалаҳои мубрами ин ниҳод буд. Ҳамчунин, дар давраи вазирии ӯ дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии пулакӣ ҷорӣ гардид.

Шералӣ Мирзо пеш аз вазири мудофиа таъин шуданаш, дар вазифаи сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва муовини вазири мудофиа – Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи  Тоҷикистон адои вазифа кардааст.

Соли 1976 – Зодрӯзи Юсуф Рабиев, футболбоз ва сармураббии футболи тоҷик.

Соли 2009 – Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз, шоир, нависанда ва таронасарои тоҷик дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2023 – Сабоҳат Қосимова, ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик дар синни 71-солагӣ аз олам чашм баст.

Сабоҳат Қосимова ҳамсари Фаррухи Қосимов, ҳунарпеша ва коргардони шинохтаи тоҷик буд. Хоҳари ӯ Муқаддас Набиева ҳам аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик буд, ки дар ҷавонӣ ба таври мармуз аз олам даргузашт.

Таъкид мешавад, ки Сабоҳат Қосимова аз сутунҳои театру кинои тоҷик буд ва баъди марги ҳамсараш Театри Аҳорунро зинда нигаҳ медошт. Ӯ чанд соли охир роҳбари бадеии Театри Аҳорунро ба зимма дошт.

Номбурда солҳо дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ва аз 1990 дар Театри Аҳорун ҳунарпеша буд. Ӯ ҳамчунин дар зиёда аз 100 намоишу спектаклҳои телевизионӣ нақш бозидааст.

Нақшҳои Адиба дар “Интихоби домод”, Ҳабиба дар “Алломаи Адҳам ва дигарон”, Мадлена дар “Тӯдаи риёкорон”, Зулайхо дар “Юсуфи гумгашта…”, Карделия дар “Шоҳ Лир”, Ширинкор дар “Шоҳ Фаридун” аз беҳтарин нақшҳои ҳунарпеш дониста мешаванд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 24-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 1999 аз ҷониби Федератсияи “EUROPARC” таъсис ёфтааст ва ҳадафи он баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи аҳамияти минтақаҳои муҳофизатшавандаи табиӣ ва ҷалби мардум ба табиат мебошад. 

Ин рӯз ба хотираи таъсиси аввалин боғҳои миллии Аврупо бахшида шудааст, ки 24 майи соли 1909 дар Шветсия таъсис ёфтаанд. Дар он рӯз нӯҳ боғи миллӣ таъсис ёфт, ки оғози ҳаракати муҳофизати табиат дар Аврупо ба шумор меравад. 

24-уми май ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр таҷлли мешавад. Ин қатънома аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда, 2-юми майи соли 2024 Созмони Милали Муттаҳид онро қабул кард. Қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи ҷаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро ҳамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.

Дар Тоҷикистон морхӯр асосан дар минтақаҳои кӯҳии ҷануб ва Бадахшон зиндагӣ мекунад. Солҳои охир шумораи он дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи муҳити зист, агар дар солҳои 1990 ҳамагӣ тақрибан 300 сар морхӯр мавҷуд буд, ҳоло шумораи онҳо аз 7 ҳазор зиёд шудааст.

24 майи соли 1844 аввалин телеграф дар таърихи ҷаҳон тавассути телеграфи Морзе аз шаҳри Вашингтон ба Балтимор (бо масофаи тақрибан 64 километр) фиристода шуд. Муаллифи ин ихтироъ Сэмюэл Финли Бриз Морзе (Samuel Finley Breese Morse), рассом ва ихтироъкори амрикоӣ буд, ки дар ҳамкорӣ бо Алфред Вейл низоми рамзгузории махсус – коди Морзеро таҳия кард, ки барои ирсоли паёмҳо тавассути сигналҳои кӯтоҳ ва дароз истифода мешавад.

Телеграфи Морзе оғози давраи нави иртибототро дар таърихи башарият асос гузошт. Он имкон дод, ки паёмҳо бо суръати фавқулода баланд ба масофаҳои дур ирсол шаванд. То замони пайдоиши он, паёмҳо танҳо тавассути хаткашонҳо ё почтаи баҳрӣ интиқол меёфтанд, ки ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳоро дарбар мегирифт.

24 майи соли 1956 дар шаҳри Лугано (Швейтсария) аввалин озмуни “Евровидение” баргузор гардид. Дар ин озмун намояндагони Белгия, Ҳоланд, Италия, Люксембург, Фаронса, Олмони Ғарбӣ ва Швейтсария иштирок намуданд. Сарояндаи швейтсариягӣ Лиз Ассиа бо суруди “Refrain” аввалин ғолиби озмун гардид.

Идеяи баргузории озмун аз ҷониби Иттиҳоди Телевизиони Аврупо (European Broadcasting Union – EBU) пешниҳод шуда буд. Ин озмун минбаъд ҳар сол баргузор гардида, ба яке аз маъруфтарин чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҷаҳон табдил ёфт, ки онро садҳо миллион тамошобин аз гӯшаву канори олам тамошо мекунанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона аз 23+28º то 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона аз 20+25º то 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад ва дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 19+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8+13º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 16+18º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 10+12º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 24 ба 25-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.