Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» суханронӣ намуд

0




Душанбе. – 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ» ба шаҳри Душанбе олимони забардаст ва иштиёқмандони сершумори осори гаронбаҳои одам-уш-шуаро Рӯдакӣ аз қариб 30 кишвари ҷаҳон ҷамъ омадаанд.








Сарвари давлат бо қарори ЮНЕСКО дар тамоми ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон таҷлил гаштани 1150-солагии фарзанди арҷманди халқи тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳамаи тоҷикон ва форсизабонони олам маънидод карда, ин санаи фархунда ва арафаи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳамагон муборак гуфт.







Президенти Тоҷикистон аз рӯзгору осори шоири шаҳири тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи хонаводаи оли Сомон ёдовар шуда, аҳли эҷод ва мардуми фарҳангпарвари тоҷикро ба омӯзиши илму дониш, тарғиби одоби ҳамида, ахлоқи пок, дӯстиву рафоқат, сулҳу созиш ва накӯкорию некномӣ ҳидоят намуд.







Дар қисмати ифтитоҳии симпозиуми байналмилалӣ ҳамчунин олимону адибони машҳур аз кишварҳои Россия, Узбекистон, Олмон, Амрико, Ҳиндустон ва албатта аз Эрону Афғонистон суханронӣ намуда, таҷлили ҷашни 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакиро ба ҳамаи форсизабонони ҷаҳон табрику таҳният гуфтанд ва ба Президенти Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи созмондиҳандагони ин ҳамоишу муҳити созгор барои мубодилоти илмию фарҳангӣ арзи сипосу миннатдорӣ карданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.








 



Реклама на asia+

Феълан мошинҳои варзишӣ таваҷҷӯҳи тоҷикистониёнро бештар ҷалб мекунанд

0



           

Хуҷанд. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон ба мошинҳои вварзишӣ, асосан кӯҳнашуда таваҷҷӯҳи бештаре зорҳир менамоянд. Ба қавли коршиносон, ин мошинҳо тавассути роҳи оҳан аз Аврупо, кишварҳои назди Балтика ва Корея ба Хуҷанд оварда мешаванд.





           

Чанде қабл ба Хуҷанд мошини навъи «Хендай»-и истеҳсоли ширкати Кореяро оварданд, ки диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Муҳаррики он суръатро то


220 км

дар як соат афзуда, дар Корея онро «наҳанги кореягӣ» низ мегӯянд.



Арзиши мошинҳои варзишӣ аз 6 то 8 ҳазор доллар аст ва он аслан таваҷҷӯҳи ҷавононро ба худ ҷалб сохтаааст. Аз рӯи баъзе маълумот шабона бо чунин мошинҳо дар канори шаҳри Душанбе пойгаи мошинҳо барпо мешудааст.


Реклама на asia+

Осиф Алӣ Зардорӣ президенти Покистон баргузида шуд

0


Дар Покистон пас аз эълони нати


ҷ


аҳои расмии интихоботи президент


ӣ


та


ҷ


лили пир


ӯ


зии Осаф Ал


ӣ


Зардор


ӣ


, шавҳари сарвазири мақтули Покистон, Беназир Бҳутто идома дорад.




Аз 702 узви порлумони Покистон ва ма


ҷ


лисҳои маҳалл


ӣ


дар интихоботи р


ӯ


зи шанбе, 481 нафар аз Зардор


ӣ


пуштибон


ӣ


карданд. Дар аввалин суханаш Зардор


ӣ


гуфт, ба гиромидошти хотираи ҳамсараш Беназир Бҳутто мардумсолориро дар Покистон эҳё хоҳад кард.Осаф Ал


ӣ


Зардор


ӣ


, ки пас аз ҳалокати ҳамсараш, сарвазири собиқ Беназир Бҳутто дар моҳи декабри соли 2007 ҳамраисии ҳизби Бҳутто, Ҳизби мардуми Покистонро бар д


ӯ


ш гирифт, тавонист, як эътилофи густардаи мухолифони Парвиз Мушаррафро ба ву


ҷ


уд орад ва


ӯ


ро зери хатари эълони нобовар


ӣ


ба истеъфо фиристад.



Мушарраф, 18-уми август зери фишори шадиди ҳукумат ва порлумон пеш аз маъракаи раъйдиҳ


ӣ


ба истеъфо рафт. Аммо муносибат ба Зардор


ӣ


дар Покистон яксон нест. Вай 11 солро дар маҳбас ба сар бурдааст, бо айбномаҳои фасоду ришват то тарҳрезии қатли инсон.



Худи Зардор


ӣ


ин с


ӯ


ҳбатҳоро рад мекунад ва бофтаи душманони сиёсии хеш мехонад. Пеш аз интихобот вай мегуфт, заъфҳои низомро мешиносад ва дар сурати пир


ӯ


з


ӣ


ба тағйири кулли он даст хоҳад зад.



Зардор


ӣ


ҳамчунин як сиёсатмадори ғарбгаро шумурда мешавад ва аз Вошингтон дар


ҷ


анги зидди терроризм пуштибон


ӣ


мекунад. Вай на дар интихоботи умум


ӣ


, балки бо райъдиҳ


ӣ


дар ду палатаи порлумони кишвар ва ма


ҷ


лисҳои музофотии вилоятҳои Синд, Пан


ҷ


об, Балуҷистон ва Вилояти Шимолу Ғарби Марз


ӣ


раиси


ҷ


умҳур баргузида шудааст.


Реклама на asia+

Дар Душанбе Намоишгоҳи III-уми байнулмилалии «Зерсохтори иқтисоди Тоҷикистон-2008» баргузор мешавад

0




 


Аз 18 то 20 сенетябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналхалқии «Соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёти То


ҷ


икистон – 2008» баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ дастовардҳои охирини соҳаҳои сохтмон, энергетика, истихро


ҷ


и маъдан, барқ ва нафту газ намоиш дода хоҳад шуд.



Намоишгоҳ бо ташаббуси созмони ташкили намоишгоҳҳои Британияи Кабир бо к


ӯ


маки Ҳукумати То


ҷ


икистон, Палатаи савдо ва саноати


ҷ


умҳур


ӣ


, вазоратҳои энергетика ва саноат, нақлиёту алоқа, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати То


ҷ


икистон ва Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати мамлакат гузаронида мешавад. Дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои То


ҷ


икистону Русия, Украинаю Лаҳистон, Қазоқистон,


Ӯ


збекистон, Туркия ва Чин иштирок менамоянд.




 

Реклама на asia+

СААД аз мавқеъгирии Русия дар қазияи Қафқоз пуштибонӣ кард

0


           Душанбе. 6-уми сентябр – Сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) зимни як эъломия ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум кардаанд.




Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав эълон кард. Вай гуфт, сарони кишварҳои узви СААД ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум намуданд, ки ин иқдоми низомӣ сабаби ҷанг миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи гузашта шуд.



Дмитрий Медведев гуфтааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳо эъломияе қабул шуд, ки мавқеъи ягонаи кишварҳои узв дар масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла авзоъ дар Қафқозро инъикос мекунад. Дар эъломи сарони кишварҳо омадааст, ки саъйи Гурҷистон барои бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани муноқиша, ки сабаби талафоти ҷонӣ шуд, кишварҳои узвро амиқан нигарон кардааст.



Русия, ки баъд аз муноқишаи моҳи август бо Гурҷистон ду минтақаи ҷудоихоҳи ин кишвар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт, мехоҳад то кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба он пайравӣ кунанд.



Аммо дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узв, ки рӯзи панҷшанбе дар Маскав доир шуд, вазирони панҷ кишвар дар эъломияи ниҳоӣ бо дили нохоҳам аз Русия ҳимоят карданд, вале аз пазируфтани Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ҳайси кишварҳои мустақил худдорӣ варзиданд.



Русия пас аз муноқиша бо Гурҷистон таҳти фишор ва интиқоди кишварҳои Ғарбӣ қарор гирифтааст ва талош дорад, то дар баробари ин фишорҳо тарафдории кишварҳои шарикашро ба даст орад ва ба Ғарб нишон бидиҳад, ки танҳо нест. Аммо танҳо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, чанде пеш

 

бо тарафдорӣ аз иқдомоти Русия дар Қафқоз гуфт, Русия илоҷе ба ғайр ворид шудан ба қаламрави Гурҷистон ва рафъи ҳамлаи онҳо ба Осетияи Ҷанубӣ надошт.



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз нақши Русия дар Қафқоз ҳимоят карда, вале гуфтааст, ҳама мушкилот бояд бо роҳи муколама рафъ шавад.

 

Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 1992 имзо шуда буд, баъд аз даҳ сол дар соли 2002 ба як созмони мустақил табдил ёфт.


Реклама на asia+

Соли равон ғаллакорони Кӯлоб аз нақшаи пешбинишуда 15 ҳазор тонна камтар ҳосили гандум ба даст оварданд

0


Кӯлоб. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ғаллакорони 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз масоҳати беш аз 80 ҳазор га замин 126 ҳазору 770 тонна ҳосили гандум гирифтанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 15 ҳазор тонна камтар аст.




Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Абдулло Раҷабов мегӯяд, ки ҳарчанд кишоварзони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Данғара ва Балҷувон нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро карда бошанд ҳам, вале ин ба иҷрои нақшаи умумӣ мусоидат накардааст. «Деҳқонони Фархор ҳамагӣ 7,5 ҳазор тонна ҳосили гандум рӯёнидаанд ва ин дар ҳолест, ки нақшаи пешбинигардидаи онҳо 21 ҳазору 251 тоннаро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.



Мутахассис бар он назар аст, ки ба ҷуз омили инсонӣ омили табиӣ низ ба камшавии ҳосил асар карда, деҳқонони аксари ноҳияҳои минтақа аз хушксолии имсола аз заминҳои кишт танҳо ба гирифтани коҳ ноил гаштанд. Бар асари хушксолӣ кишоварзони ноҳияи Шӯрообод – ҳадди ақал 2,4 ҳазор тонна, Мӯъминобод ва Данғара – қариб 2 тоннагӣ ҳосилро талаф доданд.



Камшавии ҳосил ба нарх дар бозорҳо аллакай таъсири худро расонидааст. Феълан 1 кило гандум 2,2 сомонӣ арзиш дошта, нони муқаррарӣ бо нархи 2-2,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.


Реклама на asia+

Сарони кишварҳои узви СААД Эъломияи Маскавро қабул намуданд

0


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дирӯз дар шаҳри Маскав доир гашт, Эъломияи Маскав қабул карда шуд.




Дафтари матбуоти президенти Русия иттилоъ медиҳад, ки дар Эъломия ба рӯйдоди Қафқоз ва дигар масоили умдаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи ягонаи кишваҳои узв баён шудааст. Дар Эъломия мавқеи СААД перомуни масоили амнияти глобалӣ, вазъи қазияи Эрон, Ироқ ва нимҷазираи Корея ифода гардидааст.



Дар ҷаласа ҳамчунин Нақшаи амалиёти муштараки кишварҳои узви СААД оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ барои солҳои 2008-2012 ва Барномаи фаъолияти муштарак бобати ташкили низоми амнияти иттилоотии кишварҳои узви созмон тасдиқ карда шуданд.



Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ҳамчунин «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани фаъолият зидди қочоқи маводи мухаддир дар доираи СААД» қарори дахлдор ба тасвиб расонид.



Илова бар ин, дар ҷаласаи шӯро масъалаи ҷараёни иҷрои Нақшаи бунёди эътилофи низомӣ низ муҳокима гардида, ба қарори Шӯрои СААД аз соли 2001 дар бораи таъсиси гурӯҳи низомии фаврии зудамали созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ислоҳот ворид гардид. Иштирокдорони ҷаласаи шӯро Муқаррароти таҳия, молиягузорӣ ва амалисозии барномаҳои ҳадафноки байнидавлатии СААД-ро маъқул шумориданд.



Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД сарварони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппинро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппин Гарсиа Ҷон Гардовси, ки ба муомилоти ғариқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, ҷараён дорад.




Дар сӯҳбат ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиа додрас Савриддин Тошев изҳор дошт, ки шаҳрванди хориҷӣ ба ҷурми кӯшиши интиқоли 3 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Туркия гумонбар дониста шуда, ба ӯ тибқи моддаҳои 200, к.4, 32, қ.3 ва 289, қ.2 айбнома эълом шудааст.



Ба гуфтаи додрас, гумрукчиёни фурудгоҳ дар ҳамдастӣ бо хадамоти махсуси ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд. Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди Филиппин ҳангоми азназаргузаронии бағочи мусофирони ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Истанбул боздошт гардидааст.


Реклама на asia+

Сафорати ИМА ба ТҒД ва ВАО-и Тоҷикистон ба маблағи наздик ба $95 ҳазор 13 бурс ҷудо намуд

0


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон маросими баимзорасӣ ва супурдани 13 бурс ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва васоити ахбори оммаи (ВАО) Тоҷикистон ба маблағи беш аз 94 ҳазор доллари ИМА доир гашт.




Намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ниша Кваст изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА минбаъд низ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши иҷтимоӣ ва дастгирии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт.



Бурсҳоро асосан ташкилотҳои ғайридавлатие соҳиб гаштанд, ки дар бахши бонкиву ҳуқуқшиносӣ ва

 

адлия фаъолият доранд. Миёни васоити ахбори омма ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба гирифтани бурс мушарраф гашт, ки бо ин маблағ ният дорад дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи иттилоотиву таҳлилӣ ифтитоҳ намояд.


Реклама на asia+

Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» аз наздик шинос шуд

0


Душанбе. 6-уми сентябр – Дирӯз, 5 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди нерӯгоҳ ва маҳалли насби агрегатҳо шинос шуд.




Оқил Оқилов дар ин ҷо бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори мамлакат маҷлиси ситоди кориро гузаронд. Дар он масъалаҳои ба истифода додани агрегатҳои 3-юм ва 4-уми нерӯгоҳ баррасӣ шуданд. Мутобиқи нақша бояд агрегати 3-уми нерӯгоҳ моҳи октябр ва агрегати 4-уми он моҳи декабри соли ҷорӣ ё аввали соли 2009 ба истифода дода шаванд.



Маврид ба ёдоварист, ки нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» сохтмони муштараки Тоҷикистону Русия буда, аз ҷониби мутахассисони ҳар ду давлат сохта мешавад. Айни ҳол 2 агрегати ин нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифта, бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.


Реклама на asia+