Президенти Русия Владимир Путин қабри президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Самарқанд зиёрат намуда, бо гузоштани гучанбар рӯйи он ба хотираи ӯ арҷгузорӣ кард. Дар ин маросим ӯро нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳӣ кард. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Сипас ӯ ба Қасри анҷуманҳо – қароргоҳи президенти Ӯзбекистон дар Самарқанд раҳсипор шуда, дар пояи акси Ислом Каримов гулчанбар гузошт ва ба ҳамсари Каримов – Татяна Каримова ва духтари хурдии ӯ – Лола Каримова-Тиллоева тасаллияту ҳамдардӣ изҳор намуд.
Ба иттилои РИА Новости, дар идома суҳбати президенти Русия бо пайвандону наздикони Каримов бидуни ҳузури рӯзноманигорон сурат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки Президенти Русия Владимри Путин ҷиҳати арзи эҳтиром ва зиёрати қабри собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, имрӯз, 6 сентябр ба шаҳри Самарқанд ташриф овард. Зимни мулоқот бо журналистон дар нишасти G20 дар Ханчжоуи Чин Путин изҳор дошт, ки дар поягузории давлати мустақили Ӯзбекистон Каримов саҳми босазо гузошта, марги ӯ барои мардуми ин кишвар талафоти бузург аст.