Се моҳ мешавад, ки фурӯши тамоку барои ширкату мағозаҳои хусусӣ дар Туркманистон манъ карда шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ, вале ибтидои тобистони имсол қуттиҳои тамоку аз мағозаҳои давлатии Туркманистон низ нопадид шуданд. Ҳоло тамоку танҳо дар марказҳои савдои хусусии ин кишвар ғайриқонунӣ фурӯхта шуда, арзиши он рӯз то рӯз боло меравад.
Агар ду ҳафта пеш як қуттӣ тамоку 40-50 манат арзиш дошт, ҳоло нархи арзонтарини он ба 55 манат баробар шудааст. Дар деҳот нархи арзонтарини тамоку 57-60 манат (15-17 $)-ро ташкил медиҳад.
Бо ин ҳол, бештари тамокуҳои бозори сиёҳ тамғаи аксизии Русияро доранд ва маълум аст, ки он қалбакӣ мебошад.
Ёдрас мешавем, моҳи марти соли равон бо дастури президент танҳо Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон аз ҳаққи воридот ва фурӯши тамоку дар ин кишвар бархурдор шуд.