Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамммедов бо ҷараёни сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон шинос шуд.
Бино ба маълумоти Агентии давлатии иттилоотии Туркманистон, президант баъзе эроду пешниҳодҳои худро изҳор намуда, бештар ба масъалаи аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳаз будани ин иншоот таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Сарвари давлати Туркманистон таъкид доштааст, ки «риояи муҳлатҳои ба истифода додани ин иншооти мушкили муҳандисиву техникӣ талаботи муҳими сохтмон аст».
Қобили зикр аст, ки қаблан Бердимуҳаммедов дар бораи тақвияти корҳо дар сохтмони роҳи оҳан, ки бидуни убури марзи Ӯзбекистон, ин кишварро бо Тоҷикистон мепайвандад, изҳори андеша карда буд.