spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ф.Могеринӣ: Осиёи Марказӣ барои Иттиҳодияи Аврупо воқеан ҳам муҳим мебошад

Дар шаҳри Брюссел рӯзи 4 октябр муовини президенти Комиссияи Аврупо Федерика Могеринӣ ва Комиссионери ҳамкориву рушди байналмилалӣ Невен Мимика бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ карданд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин нишаст ҳамаи панҷ вазири хориҷӣ – Ерлан Идрисов аз Қазоқистон, Ерлан Абдилдаев аз Қирғизистон, Сироҷиддин Аслов аз Тоҷикистон, Рашид Мередов аз Туркманистон ва Абдулазиз Комилов аз Узбакистон иштирок доштанд.

Дар изҳороти ниҳоии худ Федерика Могеринӣ гуфт, "Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи Аврупову Осиё ҷойгир аст ва барои Иттиҳодияи Аврупо, воқеан, ҳам муҳим мебошад.

Ба ҳангоми баррасии масоили обу энержӣ эҳсос мешуд, ки кишварҳо ба тафоҳуми бештар наздик мешаванд.

​Дар ҳамкории тарафҳо имкониятҳои дастнохӯрдаи хеле зиёд аст, ки бахши сармоягузориву тиҷорат, инфрасохтор ва ё ҳамкориҳои миёни мардумро дар бар мегирад".

Вай гуфт, ин ҳамкориҳои амалкунанда бахшҳои зиёд, аз ҷумла таҳдидҳои амниятиро дар бар мегирад. "Дар оянда, – гуфт ӯ, – ҳамкориҳои бештар дар бахши иқтисод ва рушд хоҳад буд". Комиссионер Мимика гуфт, "дар нишасти имрӯза ҳамкорони Осиёи Марказӣ омодагии бештари худро ба хотири ҳамкорӣ ва натиҷаи хуб ба намоиш гузоштанд".

Ширкатдорон, инчунин, мувофиқа карданд, ки дар амри иҷрои ин ҳама ҳадафҳо набояд дар бораи мудирияти дуруст, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, волоияти қонун ва ҳамчунин бунёди ҷомеаи демократӣ фаромӯш шавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...