Аз 1 апрели соли 2017 Ӯзбекистон раводид барои сайёҳони 15 кишвар ва сайёҳони синнашон аз 55-сола болоро аз 12 кишвар бекор мекунад. Аз соли 2018 раводидҳои электронӣ ҷорӣ мешаванд.
Аз 1 апрели соли 2017 Ӯзбекистон раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Австралия, Австрия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Испания, Италия, Канада, Люксембург, Нидерланд, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Финландия, Швейтсария ва Японияро, ки бо мақсади сайру саёҳат ба ин кишвар ба муддати на бештар аз 30 рӯз меоянд, бекор мекунад.
Ба таври иломагӣ реҷаи раводид барои шаҳрвандони Шоҳигарии Белгия, Индонезия, Чин (дарҳайати гурӯҳи сайёҳӣ), Малайзия, ИМА, Франсия, Ветнам, Исроил, Полша, Венгрия, Португалия ва Чехия, ки ба синни 55-солагӣ расидаанд ва ба Ӯзбекистон бо мақсади сайру саёҳат ворид мешаванд, ба муддати на бештар аз 30 рӯз бекор мешавад.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони кишварҳои зикршуда зимни вуруд ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 50 доллари ИМА боҷи вуруд пардохт мекунанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи боҷи вуруд барои ворид шудан ба кишвар асос мешавад.