Дар Қирғизистон раъйпурсӣ барои ворид кардани 26 тағйиру илова ба Қонуни асосии ин кишвар, ки марбут ба салоҳиятҳои президент, раиси ҳукумат, вакилон, додрасҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аст, баргузор шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти пешакии Комиссияи интихоботии Қирғизистон, дар райпурсӣ 40,48%-и интихобкунандаҳо иштирок кардаанд, ки 79,62 дарсад ё 1 миллиону 154 ҳазору 141 нафарашон аз тағйири Конститутсия ҷонибдорӣ карда, 15,37 ё 177 ҳазору 933 нафар зид баромадаанд. 5,01% ё 57 ҳазору 877 варақаи интихоботӣ беэътибор дониста шудааст.
Гуфта мешавад, Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон зимни суханрониаш дар Бишкек гуфтааст, ки ҳамаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ, бахусус қисмате, ки ба тақвияти истиқлолияти кишвараш дахл дорад, бисёр муҳим буданд.
Ба гуфтаи Отамбоев, бахши дувуми муҳими иловаҳо ин "пешгирии аҳмақон" буд, ки ҳар вақт сари қудрат оянд ва президент шаванд, натавонанд кишварро ба ақиб баргардонанд. "Дар ҳақиқат, Қонуни асосии амалкунанда на порлумонӣ, балки президентию порлумонӣ аст. Тайи 5 соли раҳбариям метавонистам, самти кишварро ба дилхоҳ тараф гардонам. Баъзан ҳатто хоҳиши баргардонидани низоми президентӣ дар кишвар буд. Зеро дар ин 5 сол, агар ман ваколати ҳукумронӣ медоштам, ба бисёр чизҳо ноил мешудем", – изҳор доштааст президенти Қирғизистон.
Зикр мегардад, ки ин дар ҳолест, ки мухолифони Қирғизистон зидди тағйири Қонуни асосии кишварашонанд. Сиёсатмадор Адахон Мадумаров бар ин аст, ки раъйпурсии мазкур ба суботи Қирғизистон таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки дар Қирғизистон ҳамзамон интихоботи вакилони маҷлисҳои шаҳрию ноҳиявӣ баргузор шуд.