Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев «Дар бораи қабул ба шаҳрвандии Қирғизистон» ва «Дар бораи хориҷ шудан аз шаҳрвандии Қирғизистон» 4 фармон ба имзо расонид.
Бино ба маълумоти сомонаи президенти Қирғизистон, аз фармонҳои баимзорасида 3-тоаш бобати қабули 137 нафар ба шаҳрвандии Қирғизистон дахл дорад, ки аксарияташонро қирғизҳои этникӣ – собиқ шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил дода, ба ватани таърихиашон баргаштаанд.
Гуфта мешавад, фармони чоруми Алмазбек Атамбоев ба хориҷ шудани 56 нафар аз шаҳрвандии Қирғизистон марбут аст.
Қобили зикр аст, ки аз ин пештар 9 нафар тоҷикистониён ба мақоми шаҳрвандии Ӯзбекистон соҳиб шуда, фармон дар бораи қабули онҳоро президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев санаи 20 декабр ба имзо расонид.