Президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба рӯйхати 40 чеҳраи байналхалқии соли 2016 шомил шудаанд. Ин рӯйхатро як маркази таҳлилии Испания – Маркази муносибатҳои байналхалқии Барселона тартиб додааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳамасола дар ин рӯйхат чеҳраҳои сиёсии барҷаста ва фаъолони ҷамъиятии саросари ҷаҳон, инчунин созмонҳои ғайридавлатӣ шомил мешаванд. Тартибдиҳандагони рӯйхат навиштаанд, ки "фаъоли давлативу сиёсӣ Ислом Каримов муассиси давлати мустақил буд ва дар ташкили Ӯзбекистони пасошӯравӣ нақши намоён дошт".
Гуфта мешавад, ба навиштаи марказ, сарвазири пешин ва акнун президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихобот бо касби наздики 90 дарсади раъйи мардум пирӯзии бебаҳсеро соҳиб шуд. Дар даврони роҳбарии Мирзиёев мешавад тамоюлҳои наверо дар самти сиёсати хориҷӣ мушоҳида кард.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин рӯйхат роҳбари пешини Куба Фидел Кастро, ки имсол даргузашт ва президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп низ шомил шудаанд.