Бар асари суқути як ҳавопаймои борбари ширкати Turkish Airlines дар атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Бишкек – пойтахти Қирғизистон, ҳадди ақал 20 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аксари қурбониёни ин ҳодиса, сокинони маҳалӣ ҳастанд ва дар миёни онҳо 6 кӯдак низ мебошанд. Як халабони ин ҳавопаймо низ дар ин ҳодиса кушта шудааст. Тибқи бархе гузоришҳо, дар ин ҳодиса 32 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин садама Фурудгоҳи байналмилалии Манас ба таври муваққатӣ баста шудааст. Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки ҳавопаймои навъи Boeing 744 субҳи рӯзи душанбеи 16 январ чанд километр дуртар аз Фурудгоҳи байналмилалии Манас дар минтақаи Дача-Сууи ноҳияи Сокулукси вилояти Чуй суқут кардааст. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ин ҳавопаймо аз Ҳонконг роҳии Истанбул буд ва мехост дар Фурудгоҳи байналмилалии Манас маводи сӯхт бигирад.
Дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Манас гуфтааст, ки ҳавопаймо дар як минтақаи аҳолинишин суқут кардааст ва ҳадди ақал 23 хона ба коми оташ рафтаанд. Талошҳои барои хомӯш кардани оташ, ки бар асари суқути ҳавопаймо ба миён омадааст, идома дорад. Муовини нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқали Абулғозиев ва вазири ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар Қувватбек Боронов ба ҷои ҳодиса рафтаанд.
Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, теъдоди қурбониёни ин садамаи маргбор метавонад, ки афзоиш биёбад. Дар ҳоли ҳозир панҷ нафари дигар дар бемористон бистарӣ мебошанд.