Як гурӯҳе аз фаъолони марказҳои фарҳангии Ӯзбекистон аз ҷумла 2 нафар фаъолони марказҳои фарҳангии тоҷикон барои саҳмгузорӣ дар таҳкими фазои таҳаммулпазирӣ дар ин кишвар бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд.
Зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Маркази ҷумҳуриявии интернатсионалии фарҳангӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст, ки дар рушди симои хоси этникӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо 137 маркази миллии фарҳангӣ нақши арзандаву муҳим доранд.
Гуфта мешавад, Абдурасул Эргашев, раиси маркази миллии тоҷикони вилояти Қашқадарё, профессори кафедраи автоматика ва технологияҳои иттилоотии Донишкадаи муҳандисӣ-иқтисодии Қаршӣ бо ордени «Дӯстлик» қадрдонӣ шудааст.
Анвар Муродов, яке аз фаъолони маркази милли фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори газетаи «Овози тоҷик» дар ин вилоят бо медали «Шуҳрат» сарфароз гардонида шудааст.