Соли нави таҳсили 2017-2018 дар мактабҳои Ашқободи Туркманистон 1 июл шурӯъ мешавад.
Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ҳамчунин анҷоми соли хониш ба фарқ аз солҳои пешин барвақттар фаро мерасад.
"Тибқи қарори нав, дар мактабҳои Ашқобод бояд таҳсил то 1 июн ба охир расад. Дар сурате, ки мебоист соли нави хониш 1 сентябр шуруъ шавад, акнун 1 июл оғоз мегардад. Чаҳоряки аввал охири моҳи август ба охир мерасад. Баъди ин хонандагон як моҳи дигар таътил мекунанд ва чаҳоряки дувум моҳи октябр шуруъ мешавад", – гуфтааст ҳамсуҳбати Радио Озодӣ аз вазорати маорифи Туркманистон.
Гуфта мешавад, тағйир додани санаи таҳсилу таътили хонандагони шаҳри Ашқобод ба баргузории Бозиҳои Осиё-2017 рабт дорад. Чорабиниҳои расмии бозиҳо бо ҷалби саросарии хонандагону омӯзгорон барпо мешавад.
Бозиҳои чаҳоруми Осиё дар толорҳои пӯшида ва варзиши ҳарб миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ашқобод барпо мешавад. Ҳамчунин имсол омӯзгорони мактабҳои миёна ҳамагӣ 30 рӯз рухсатии меҳнатӣ мегиранд, дар ҳоле, ки солҳои пешин то 45 рӯз ҳаққи рухсатӣ доштанд.