Бино бар қонуне, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба имзо расонд, интихоботи навбатии президентӣ дар ин кишвар рӯзи 15 октябр баргузор мешавад. Ҳамчунин бо ин санад ба шартҳои ширкат дар интихоботҳо тағйирот ворид гашт.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла гаравпулии интихоботӣ барои номзади президентӣ акнун 1 миллион сом ё наздики 14 700 доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. То ин тағйир номзадҳо 100 ҳазор сом ё 1470 долларро гарав мегузоштанд.
Илова бар ин қонуни нав истилоҳи «нозири ҷамъиятӣ»-ро расмӣ кард, ки норозигии фаъолони иҷтимоиро ба миён овард. Онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин бахши қонун ҳуқуқи нозирон аз созмонҳои ғайритиҷоратиро маҳдуд мекунад.
Қонуни нав ҳамчунин истифодаи бутта ва дарахтҳо, домана ва қуллаи кӯҳу теппаҳо ва дигар баландиҳои табииро барои ҷой додани ҳама гуна маводи таблиғотӣ манъ мекунад.
Бино бар қонуни нав дар интихоботи порлумонӣ талаботи сахттар, аз ҷумла аризаи шахсии вакил барои қатъи салоҳият, саҳмияҳои ҷинсӣ ва қавмӣ ҷорӣ гашта, садди вуруд ба порлумон аз 7 ба 9 дарсади ҳамаи ширкаткунандагони интихобот боло бурда шуд.