Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи видеоияш бо ширкати хатибон ва кормандони умури дин рӯзи 15 июн гуфт, муллоҳое, ки занони дувумро никоҳ мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, навори ин паёми ӯ дар шабакаи Ютюб баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Он ҳамчунин ба яке аз пурбинандатарин видеоҳои бахши ӯзбекии радиои Би-би-сӣ табдил ёфтааст.
«Вақтҳои охир ҳодисаҳои дузанагӣ бо роҳи никоҳи мусалмонӣ хеле зиёд шудааст. Бештар аз ҳама ин падида дар Тошканд ба мушоҳида мерасад. Ояндаи кӯдаконе, ки занони дувум ба гунаи ғайриқонунӣ ба дунё меоранд, чӣ мешавад? Имомҳои муҳтарам, мушкилоти ин кӯдакон доғи виҷдони мо хоҳад шуд”, – изҳор дошт Мирзиёев.
Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин зикр намуд, қонунгузории нав барои муллоҳое, ки бе шаҳодатномаи издивоҷ хутбаи никоҳ мехонанд, ҷазо пешбинӣ хоҳад кард.