Бо қарори ҳукумати Қазоқистон, фурудгоҳи шаҳри Остона ба «Фурудгоҳи байнулмилалии Нурсултон Назарбоев» табдили ном кард. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.
«Номи «Фурудгоҳи байнулмилалии Остона» ба «Фурудгоҳи байнулмилалии Нурсултон Назарбоев» тағйир дода шавад», – омадааст дар матни қарор.
Қобили зикр аст, ки қарори мазкур аз рӯзи аввали интишори расмиаш дар матбуот мавриди амал қарор мегирад.
Моҳи ноябри соли гузашта президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев табдили номи шаҳри Остона ба ифтихори номи худашро рад карда буд.