Дар ҷараёни сафари раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Москва, Русия 240 миллион доллар қарзи ин кишварро бахшид.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин маблағ «ёрии расмӣ ба рушди Қирғизистон» унвон шудааст.
Гуфта мешавад, 240 миллион доллар маҷмӯи қарзҳое буд, ки Русия то 30 марти соли 2017 ба Қирғизистон додааст. Пештар, дар нимаи аввали соли 2016, Русия 30 миллион доллар қарзи қаблии Қирғизистонро низ бахшида буд. Ба сурати умум Русия дар 11 соли охир аз баҳри 703,2 миллион доллар қарзи ба Қирғизистон додааш гузаштааст.
Илова ба қарордоди бахшида шудани қарз Русия ва Қирғизистон эъломияи таҳкими коршарикии стратегиро ба имзо расонданд, ки бахши нав ва умдаашро густариши ҳамоҳангӣ дар мубориза бо терроризм ва тундгароӣ, сармоягузории онҳо ва ҷинояткории созмонёфта, коррупсия ва шустушӯйи пул ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки ду кишвар ҳамчунин тасмим гирифтанд, низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ бунёд кунанд.