spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Назарбоев номгузории иншоот ба ифтихори худашро хуш надорад

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24" гуфтааст, хуш надорад, ки иншоотро ба ифтихори ӯ номгузорӣ кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Қазоқистон дар гузашта пешниҳод кард, ки шаҳри Остона ба номи президент гузошта шавад, аммо Назарбоев ин пешниҳодро рад кард ва баъдтар ҳукумат расман фурудгоҳи Остонаро Нурсултон номгузорӣ кард. Одатан фурудгоҳҳо ба ифтихори сокинони машҳури кишвар баъди маргашон гузошта мешаванд, аммо ба хотири Назарбоев аз ин қоида сарфи назар шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Фурудгоҳи Остона Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шуд

То ин замон дар Қазоқистон чанд пайкараи Назарбоев қомат афрохта ва акси ӯ дар калонтарин пули миллии кишвараш нақш ёфтааст.

"Ман гуфтаҳои императори бузурги Рим ва файласуф Марк Аврелийро ба ёд меорам. Аз вай пурсиданд, ки чаро то кунун пайкараи ту қомат наафрохтааст, вай гуфт, намехоҳам бипурсанд, ки ин пайкараи кист. Бигзор баъди сари ман пурсанд, ки чаро пайкарааш гузошта нашудааст", – шарҳ дод Назарбоев.

Нурсултон Назарбоев аз соли 1991 то кунун дар курсии президентӣ нишастааст. Вай қонунан унвони "пешвои миллат"-ро соҳиб шудааст. Назарбоев имрӯз 77-сола шуд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...