Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ, мақарраш дар шаҳри Лондон эълон кард, ки баъди чанд муддати танаффус ба эҳёи кори намояндагияш дар Ӯзбекистон омодагӣ мебинад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, он барои пайдо кардани хабарнигорон, ки қарор аст дар Ӯзбекистон кор кунанд, озмун эълом кардааст.
"Мо аз рӯзноманигорони худ эҷодкорӣ, ҷустуҷӯи мавзуъҳои нав, қобилияти муколама бо намояндагони бахшҳои гуногун ва омодагӣ ба сафари кишварҳои мухталифро интизор дорем. Бюрои хабарнигорони Тошканд хабару ҳодисаҳои Ӯзбекистонро на танҳо барои ӯзбекистониҳо, балки барои хонандагону шунавандаҳои тамоми дунё бозтоб хоҳад дод", – навиштааст сомонаи Бахши ӯзбекии Би-би-сӣ.
Ҷузъиёти дигари дубора ба роҳ мондани фаъолияти намояндагии ин расонаи Бритониё дар Ӯзбекистон, аз ҷумла санаи ифтитоҳи он дар Тошканд ҳанӯз маълум нест.
Ёдрас мешавем, баъди ҳодисаҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 дафтарҳои Би-би-сӣ ва Радиои Озодӣ дар Ӯзбекистон баста шуданд. Рӯзноманигорони онҳо маҷбур гаштанд, ки кори худро дар хориҷ аз кишвар идома диҳанд.
Пас аз ҳодисаҳои Андиҷон дар баробари хабарнигорони расонаҳои ғарбӣ, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, ки фарзияи расмии ҳаводисро интиқод карданд, аз кишвар ронда шуданд.