Бино бар иттилои Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон, дар натиҷаи муколамае, ки аз ҷониби имомон ва мақомоти маҳаллӣ бо диндорони шомили "рӯйхати сиёҳ" сурат гирифт, 4 ҳазору 152 одам аз ин рӯйхат "ихроҷ" шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, имомон бо дастури президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо афроди шомили "рӯйхати сиёҳ" суҳбат карда, барои ихроҷ шудани номи онҳо аз ин рӯйхат кафил шудаанд.
"Имомони мо аз 10 990 одам ҷонибдорӣ карданд. Аз миёни ин тоифа 4 ҳазору 152 кас "сафед" карда шуд. Дар ояндаи наздик мусалмонҳои дигар ҳам аз рӯйхат хориҷ карда хоҳанд шуд", – хабар медиҳад Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат маълум мешудааст, ки агар диндор ба гуруҳҳои тундрави мамнуъ шомил набуда, иштибоҳан вориди "рӯйхати сиёҳ"-и ВКД шудааст ё замоне узви гуруҳи мамнуъ буда, бадтар пушаймон гардидааст, намояндагони гуруҳи махсус аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти қудратӣ ӯро аз "рӯйхати сиёҳ" берун меоварданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар солҳои охир ҳазорон диндор дар Ӯзбекистон шомили "рӯйхати сиёҳ" гардида, зери назорати мақомот буданд. Ин рӯйхатро мақомоти қудратии Ӯзбекистон тартиб медоданд.