Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Мирзиёев додситонҳои давраи президенти пешинро «партов» номид - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мирзиёев додситонҳои давраи президенти пешинро «партов» номид

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласаи видеоияш аз кори додситонҳо ва мақомоти додситонӣ дар Ӯзбекистон интиқод кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ додситонҳоро "дуздҳои аз ҳама калон" номида, гуфт, агар корҳои ноодилона идома ёбанд, онҳоеро ҳам барканор хоҳад, ки баъди "поккориҳо"-и ахир дар мақомоти додситонии Ӯзбекистон мондаанд.

"Додситонҳоро хеле бад мебинам ва сабабашро ҳам хоҳам гуфт. Ман худам раиси ноҳия будам ва медонам, ки ин бевиҷдонҳо чӣ гуна муносибат доранд. Вақте ба мақоми додситонӣ мерасанд, ҳатто роҳгардияшон иваз мешавад ва дигар касеро ба назар намегиранд. Ҳамаи инҳоро хуб медонам", – изҳор дошт вай дар ҷаласа.

Шавкат Мирзиёев кормандони мақомоти додситонии давраи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро "партов" номида, гуфт, дар ҳар сурат маъмурони ин соҳаро то охирин нафар иваз хоҳад кард.

"Додситони кулли нав таъйин кардем. 80%-и кормандонро тағйир дода, мақомоти додситониро аз партовҳо пок кардем. Вале ҳанӯз ҳам 15-20%-и кормандони низоми пешини ғоратгар мондаанд. Аз ҷумла, Ҷамшед Файзиев, додситони вилояти Тошканд. Ӯ ҳам одами ҳамон низом аст. Додситониро пурра аз ин гуна ашхос пок хоҳем кард. Ё додситон хуб кор мекунад ё мо додситониро аз байн мебарем. Додситонҳо сабаби бадбахтии мардум шудаанд. Агар одилона кор накунанд, ҳамаашон ронда хоҳанд шуд", – афзуд ӯ.

МЕДИА (IFRAME)

Президенти Ӯзбекистон ба қасру хонаҳои боҳашамат ва мошинҳои гаронарзиши додситонҳо ишора карда, гуфт, бархеи онҳо ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд.

"Додситон замоне зиндагии хуб хоҳад дошт, ки мардум хуб зиндагӣ кунанд. Ба мошину қасру хонаҳои онҳо назар кунед. Магар онҳо реактори ҳастаӣ ихтироъ кардаанд? Бархеашон ҳатто номи худро дуруст навишта наметавонанд. Онҳо бо зурию тағобозӣ додситон шудаанд. Ман онҳоро барои он нағз намебинам, ки кор намекунанд. Ҳоло бо шахсоне кор пеш бурда истодаем, ки ба иҷрои одилонаи вазифаи худ талош мекунанд", – қайд кардааст Мирзиёев.