Мақомоти ҳавонавардии Қазоқистон хабар доданд, ки дар наздикии шаҳри Алмато як ҳавопаймои таълимӣ ба садама дучор шуда, дар ин ҳодиса ду нафар ҷон бохтаанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон, ҳавопаймои "Tecnam 2002"-и Академияи ҳавонавардии мулкии ин кишвар субҳи 10 август дар 2-километрии фурудгоҳи Азим сарозер шудааст.
Гуфта мешавад, Кумита изҳор доштааст, ки дар натиҷаи суқути ҳавопаймо як донишҷӯ ва халабон – омӯзгори академия ҷон дода, таҳқиқи ҳодиса оғоз гаштааст.
Зимнан зикр мегардад, ки фурудгоҳи Азим дар 43-километрии Алмато ҷойгир аст. Академияи ҳавонавардии мулкии Қазоқистон дар ҳоли ҳозир мақоми ҷамъияти саҳҳомиро дошта, 89%-и саҳмияҳояш дар ихтиёри давлатанд.