Мақомоти шаҳри Ашқободи Туркманистон ҳавополо ё кондитсионерҳои сокинонро аз биноҳои баландошёна мекананд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, давоми ду соли охир танҳо дар шаҳраки Мир-4 бори севум аст, ки ҳавополоҳо канда мешаванд.
Ба гуфтаи сокинони пойтахти Туркманистон, дар ҳоли ҳозир якбора дар чанд кӯчаи пойтахт техникаи махсус барои кандани ҳавополоҳо равона шудааст.
Моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи кандани ҳавополоҳои якбора 10 бинои баландошёна аз кӯчаи Мир-2/4 хабар расида буд.
Ба гуфтаи сокинон, сарфи назар аз талошҳои мақомоти шаҳр барои кандани дастгоҳҳои сардкунанда, сокинон дубора онҳоро насб мекунанд.
"Ҳатто агар кормандони ҳокимияти шаҳр ҳавополоҳоро дубора бикананд, сокинон бори севум онҳоро насб мекунанд. Зеро ҳавои тафсон ба ин кор маҷбур мекунад", – гуфтааст як сокини маҳаллӣ бо номи Дурдимурод.
Ёдрас мешавад, ки се сол пеш кандани ҳавополоҳои кӯчаҳои марказии Ашқобод боиси норозигии аҳолӣ шуд. Баъди гуфтугӯ бо мардум, мақомот розӣ шуданд, ки насби ҳавополоҳои якрангро иҷозат диҳанд. Ба гуфтаи сокинон, бо гузашти се сол ҳанӯз аз он ҳавополоҳо дарак нест.