Дар яке аз фурӯшгоҳҳои шаҳри Алмаато тарбуз аз Испанияро бо нархи 4800 танга (тақрибан 15 доллар) барои 1 кило ба фурӯш гузоштаанд.
Бино ба иттилои Tengrinews.kz, акс бо арзиши 12 355 танга (тақрибан 40 доллар) барои ними тарбуз хеле зиёд дар Facebook мунташир мешавад.
Чунин нарх корбарони Казнетро ба ҳайрат овардааст, зеро дар бозорҳо тарбузро метавон бо арзиши 35-50 танга (10-15 сент) барои 1 кило харидорӣ намуд.
Дар маъмурияти фурӯшгоҳ ин нархгузориро чунин шарҳ додаанд, ки моҳи июл аз Аврупо тарбузу харбуз ворид намуда, хароҷоти ҳамлу нақли он сермасраф аст.
Зикр шудааст, ки бо кишоварзони маҳаллӣ ва Ӯзбекистон низ дар ин хусус гуфтушунид сурат гирифта, вале алҳол тарбузҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба меъёру сифат ҷавобгӯ нестанд.