Аксбардор ва нависанда Ҷуно Ким доир ба Қирғизистон якчанд мавод таҳия намуда, гузориши тасвирӣ нашр намуд. Kloop.Kg аксҳои ӯро мунташир сохтааст.
Зани сокини Кореяи Ҷанубӣ Ҷуно Ким дар саросари ҷаҳон сайру саёҳат карда, аз беш аз 40 кишвари дунё боздид намудааст. Дар Кореяи Ҷанубӣ ӯ ҳамчун нависанда, аксбардор ва блогернавис маъруф мебошад.
Тобистони имсол ӯ аз Қирғизистон боздид намуда, таҳти унвони «Беҳтарин дар Қирғизистон дар аксҳо: Ту бояд бубинӣ, то ки бовар кунӣ» гузории тасвирӣ нашр кард.
Нӯшокии маъмули қирғизӣ – қумисро Ҷуно «муъҷизанок» номида, бо таҳқиқи таркиб ва таърихи пайдоиши он як маводи комилро ба ин муносибат нашр намуд. Ӯ ҳамчунин аз соҳилҳои барои оббозӣ муқарраршудаи ин кишвар ба ваҷд омадааст.
Бо мавод ва аксҳои Ҷуно Ким дар сомонаи ӯ муфассалтар шинос шуда метавонед.