spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ӯзбекистон: таҳқири журналист ва манъи пахши мустақим

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дар як ҷаласа бо ҳузури рӯзноманигорони Ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон пахшҳои мустақимро манъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай барномаи рӯзноманигор Шерзод Қудратхоҷаевро, ки мустақиман пахш мешавад, танқид ва таҳқир кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин ҷаласа миёни сарвазир ва роҳбари Клуби матбуотии байналхалқӣ низоъ бархостааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ифтитоҳи мактаби олӣ барои довталабони нокоми Ӯзбекистон

"Сарвазир ба роҳбари Клуби матбуотии байналхалқӣ Шерзод Қудратхоҷаев бо чунин лафз муроҷиат кард: "Ту, бача, аз ҳад гузарондӣ! Ту худро кӣ медонӣ?" Қудратхоҷаев дар посух гуфт: "Шумо маро бо мансабатон натарсонед, шумо ҳақ надорад, ба ман ту гӯед". Миёни онҳо низои лафзӣ бархост. Сарвазир ба Шерзод гуфт: "Агар як шатта ба пуштат занам, ба ҷои пешинат бармегардӣ ва омӯзгорӣ мекунӣ", – мегӯяд як шоҳид, ки дар ҷаласаи мазкур ширкат дошт.

Сарвазир ба раиси Ширкати радио ва телевизиони Ӯзбекистон Бобур Алихонов танбеҳ эълон ва дар ширкат тағйироти кадрӣ ворид кардааст. Хайрулло Нуриддинов, ки чанде пеш аз вазифаи муовинии раиси ширкати мазкур ронда шуда буд, дубора дар мақомаш барқарор гардидааст.

Озод Ҳамидхоҷаев, мудири телевизиони "Ӯзбекистон 24", ки дар шабака барномаҳои ҷиддиро пахш мекард, аз мақомаш барканор шудааст. Ба ин тартиб, дар ширкати радио ва телевизиони он кишвар чанд тағйири дигар сурат гирифтааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...