Дар як рейди муштарак бо ҳузури мақомоти корҳои дохилӣ, додситонӣ, шӯрои вилоятӣ, кормандони додгоҳ, намояндагони ҳукумати маҳаллии вилояти Хоразми Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 26-27 август баргузор шуд, зиёда аз 3700 сокине боздошт шуд, ки шабонгоҳ баъд аз соати 21 "бе ҳадаф гашту гузор" мекарданд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, мафҳуми "бе ҳадаф гашту гузор кардан" дар иттилоияи бахши вилоятии пулис зикр шудааст. Мақомот хабар медиҳанд, ки аксари боздоштшудаҳо як шабонарӯз дар маҳбас нигаҳдорӣ шуда, баъди ҷарима раҳо гаштаанд. Бо боқимондаҳо "корҳои фаҳмондадиҳӣ" сурат гирифтааст.
Як вакили дифоъ аз шаҳри Урганҷ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, кормандони мақомот барои боздошти наздики 4 ҳазор одам, танҳо ба хотири он ки шабонгоҳ сайру гашт мекунанд, асоси ҳуқуқӣ надоштанд.
"Қонунгузории Ӯзбекистон "бе ҳадаф сайру гашт кардан"-ро ҷиноят ё қонуншиканӣ баҳо надодааст. Агар дар кишвар ҷанг набошад ва қуюди шабгардӣ эълон нашуда бошад, шабгардӣ қонуншиканӣ нест. Ҳар шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳар соати шабонарӯз дар шаҳр бе ҳадаф ё бо ҳадаф равуо кунад. Ин рафтори пулис ва додситонии вилояти Хоразм ноогоҳии ҳуқуқии онҳоро ба намоиш гузошт", – гуфт вакили дифоъ.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки пулиси вилояти Хоразм аз ҳадди салоҳиятҳояш берун рафта, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол кардааст.
"Онҳо дастур нагирифта буданд, ки шаҳрвандонро боздошт кунанд. Ин корро худсарона кардаанд. Дар иттилоияи худ онҳо боздоштшудаҳаро бар ғалат "бе ҳадаф гашту гузоркунанда" навиштаанд. Табиист, ки боздошти наздики 4 ҳазор одам дар ҷомеа сару садо ба бор овард. Аммо аз сӯи дигар он шаб дар вилояти Хоразм чаҳор одами дар ҷустуҷӯ буда боздошт шуд", – хабар медиҳад ВКД Ӯзбекистон.