Алмаато ҳамчун маркази бузурги иқтисодӣ шакл гирифта ва ба бузургшаҳри сатҳи ҷаҳонӣ табдил шудааст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баъди дидор аз ин шаҳр хабар додааст.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, роҳбари Қазоқистон гуфтааст, дар даврони истиқлолият нишондодҳои иқтисодии шаҳр рушд ёфтаанд.
"Бино бар оморе, ки дар ихтиёри ман гузоштаанд, феълан ҳаҷми иқтисоди Алмаато ду баробари маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Гурҷистон ва қариб панҷ баробари ММД-и Қирғизистону Тоҷикистон аст. Ин нишондоди рушди муваффақонаи на танҳо шаҳр, балки дар маҷмуъ ҷумҳурӣ аст", – иброз доштааст вай.
Зикр мегардад, ки соли 2016 ММД Қирғизистон 6,6 миллиард долларо ташкил дод, ки ин нишондод дар миқёси кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё камтарин мебошад.