Тибқи маълумоти пешакии Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон, дар интихоботи президентии ин кишвар ҳудуди 50%-и раъйдиҳандагон – 1 миллиону 692 ҳазор нафар иштирок кардаанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, беш аз 914 ҳазори онҳо (ҳудуди 54%) ба ҷонибдорӣ аз номзади Ҳизби ҳокими сотсиал-демократӣ Сооронбой Ҷээнбеков раъй додаанд.
Барои пирӯзӣ дар даври аввали интихобот номзадро зарур аст, ки беш аз 50%-и раъйи иштирокдоронро ба даст орад. Аз рақиби асосии Ҷээнбеков — раҳбари ҷиноҳи порлумонии "Республика – Ота Журт" Омурбек Бабанов 564 ҳазор одам ё 33,3%-и интихобкунандаҳо ҷонибдорӣ кардаанд.
Дар вилояти Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 72% аз Ҷээнбеков ва дар вилояти Талас, дар шимоли ин кишвар 85% аз Бабанов ҳимоят кардаанд.
Раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон" Адахон Мадумаров бо касби 108 ҳазор овоз (ҳудуди 6,3%) дар мақоми севум ва раҳбари Ҳизби "Оқ-Шумқор" Темир Сариев бо 42,7 ҳазор овоз дар мақоми чорум қарор доранд.
Ба ҷонибдорӣ аз Таалатбек Масадиқов, ки ҷойи панҷумро касб кардааст, 10,5 ҳазор одам раъй додаанд.
Дар интихоботи 15 октябри Қирғизистон ҷамъан 11 номзад, аз ҷумла як зан барои дарёфти курсии президентӣ рақобат карданд.