spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тахриби хонаҳо дар Тошканд барои бунёди Маркази рушди исломӣ

Дар Ӯзбекистон сокинони манзилҳои хусусии воқеъ дар маҳаллаи масҷиди "Ҳазрати Имом", дар қисми қадимии шаҳри Тошканд огоҳӣ гирифтаанд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қарор аст, ба ҷои манзилҳои онҳо бинои Маркази рушди исломии Ӯзбекистон бунёд шавад.

Як сокини кӯчаи "Заркайнар"-и шаҳри Тошканди қадимӣ бо номи Муяссар гуфтааст, дар ин бобат ибтидои моҳи ноябр аз ҳукумати ноҳияи Олмазор огоҳинома гирифтаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Маҳаллаи «8 март»-и Душанбе кӯчонида мешавад

"Огоҳинома фиристоданд ва намояндагони ҳукумати ноҳия низ омада, гуфтанд, ба шахсоне, ки намехоҳанд, ба биноҳои баландошёна кӯч банданд, ҷубронпулӣ пардохт мешавад, то манзили дигар харанд. Мегӯянд, биноҳои серошёна дар ноҳияи Сергелӣ ҷойгиранд. Аммо мо талаб дорем, ки дар маркази шаҳр хона диҳанд. Ҳамсояҳо ҳам ба пешниҳоди мақомот розӣ нестанд", – афзуд ӯ.

Яке аз масъулони Раёсати меъморӣ ва сохтмони шаҳри Тошканд гуфт, қарор аст, дар қисми қадимии пойтахти Ӯзбекистон ба ҷои хонаҳои тахрибшаванда бинои Маркази рушди исломӣ бунёд шавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинон хаттӣ огоҳӣ гирифтаанд ва бояд хонаҳои худро холӣ кунанд.

Тошканди қадимӣ, ки дар он ноҳияҳои Олмазор ва Шайхонтоҳур ҷойгиранд, сераҳолитарин қисми пойтахти Ӯзбекистон шумурда мешавад. Дар он то ҳол як чанд маҳаллаҳои қадимии ӯзбекӣ ҳифз шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...