spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ташхиси дастаҷамъонаи бакорати толибаҳои мактаб дар Самарқанд

Духтарони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни коллеҷҳои вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро дастаҷамъона ба ташхиси духтури занона мефиристанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, як корманд аз ҳукумати вилояти Самарқанд гуфтааст, ин тасмим ба хотири ифшои духтароне рӯи даст гирифта шудааст, ки аллакай робитаҳои ҷинсӣ доранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, хонандагон ба он хотир ташхис мешаванд, ки "аксари вақт духтарони ҷавон ҳангоми аз даст додани бакорат ё ҳомиладор шудан ба хотири беобрӯ накардани худу наздиконашон, худкушӣ мекунанд".

Мансабдор изҳор доштааст, ки баъди ташхис бо волидони духтароне, ки бакораташонро аз даст додаанд омӯзгорон, табибон ва равоншиносон суҳбат мекунанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Баландгӯякҳоро ба масҷидҳои Ӯзбекистон бармегардонанд?

Гуфта мешавад, натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки даҳҳо хонанда ҳомиладор ҳастанд. Омӯзгорон ва табибон волидони духтаронро дар ҷараён гузоштаанд.

Аммо хонандагон гуфтаанд, онҳоро иҷборан ташхис мекунанд. Як донишҷӯи коллеҷ зикр кардааст, ки баъди ташхис тамоми донишҷӯён огаҳӣ ёфтанд, ки як ҳамдарсашон ҳомиладор аст.

Зимнан зикр мегардад, ки тасмими роҳбарони вилоят дар мавриди ташхиси хонандагон баъди суҳбати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат мегирад. Мирзиёев 9 ноябр ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи шӯрои вакилони мардумии вилояти Самарқанд гуфт, худкушии занону духтарон дар вилоят дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи Мирзиёев, дар чанд вақти охир дар вилоят 145 зан ва духтари ҷавон худкушӣ кардаанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...