Пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остонаро шаби гузашта саросар бӯронӣ барфӣ фаро гирифта, шамоли хеле сахт ҳукмфармост.
Тавре CA-News хабар медиҳад, дар ин шароити хеле номусоиди обуҳаво ҳаракати ҳама гуна навъи автомашинаҳо дар роҳҳо манъ шудааст.
Ҳамчунин бо сабаби номусоидии обуҳаво ба хотири таъмини бехатарии парвозҳо фрудгоҳи байнулмилалии «Нурсултон Назарбоев» низ баста шудааст.
Барои тозакунии роҳҳо аз барф 1345 адад техника сафарбар шуда, давоми як шабонарӯз аз Остона 34 227 метри мукаааб барф бароварда шудааст.
Ғайр аз ин, 1888 нафар кормандони идораи истифодабарии роҳ низ дар тозакунии роҳҳо аз барф машғуланд. Як микрорайони пойтахт бебарқ мондааст.
Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Остона иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро ба ҳушёриву боэҳтиётӣ даъват мекунанд.
Ҳокими шаҳри Остона Асет Икекешев аз сокинони шаҳр даъват кардааст, ки бидуни зарурат ба кӯчаҳои шаҳр набароянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.