Раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев дар бахши "Барои шуҷоъат" бо ҷоизаи ба номи ҳомии ҳуқуқ Андрей Сахаров қадрдонӣ шуд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаҳои маҳаллӣ, Матаев барои дарёфти ин ҷоиза ҳуҷҷат пешниҳод накардааст, эътои ҷоиза комилан ташаббуси худи ташкилкунандагон аст.
Гуфта мшавад, ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров – ин мукофотест, ки ба рӯзноманигорон ва ҳомиёни ҳуқуқ ба хотири "ошкорбаёнӣ", ҳифзи мавқеъ ва фаъолияти ҳуқуқӣ, инчунин ба матлабҳое, ки вокуниши тунд ба бор овардаанд, дода мешавад.
Миёни ҳайати ҳакамон рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва нависандагон, аз ҷумла барандаи ҷоизаи "Нобел" Светлана Алексиевич ҳастанд. Пештар рӯзноманигор рус Анна Политковская, инчунин Радиои Озодӣ ва нашрияи русии "Новая газета" бо ин ҷоиза қадрдонӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки Саидқозӣ Матаев соли 2016 бо айби "дуздӣ"-и пулҳои буҷа шаш сол зиндонӣ шуда, охири соли 2017 шартан аз зиндон озод гашт.