Дар Қирғизистон рӯйхати мансабдорони мақомоти қудратӣ ва додситонӣ таъсис дода мешавад, ки боре ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ ё дуздии амволи давлатиро кардаанд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора муовини аввали котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев хабар додааст.
"Ин рӯйхат барои чӣ зарур аст? Барои он ки афроди фасодкор натавонанд то охири умр дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соҳиби вазифа шаванд", – гуфтааст Сагинбоев.
Вай ҳамчунин афзудааст, парвандаҳои марбут ба фасодкорӣ ва дуздии маблағи буҷа, ки бе асос қатъ шуда буданд, дар фурсатҳои наздик дубора ба баррасӣ гирифта хоҳанд шуд.
Зикр мегардад, ки Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон 13 феврал қарори Шӯрои амниятро "Дар бораи чораҳои мубориза бо фасодкорӣ дар низоми додгоҳӣ, назоратӣ ва мақомоти интизомии Қирғизистон" имзо кард.